“Ғарибшо” даргузашт: Ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов дар зодгоҳаш ба хок супорида мешавад

Бахтиёр Рахимов.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2026
Обуна шудан
Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, Бахтиёр Раҳимов маъруф бо тахаллуси Ғарибшоҳ даргузашт
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳимов дар шаҳри шаҳри Ҳисор даргузашт.
Дар ин бора дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи наздикону дӯстони ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов баъд аз як чорабинӣ дар осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ" аҳволаш бад шуд ва пас аз лаҳзае даргузашт.
Гуфта мешавад, ки солҳои ахир Бахтиёр Раҳимов аз бемории қалб ранҷ мекашид.
Хабари даргузашти ин ҳунарманд боиси андӯҳи дӯстдорон ва ҳаводорони санъати ҳаҷв гардида, садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуда истодаанд.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд имрӯз, 1-уми июл дар зодгоҳаш, деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Алишер Мирзонабот, глава ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Ҷасади Алишер Мирзонабот дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ёфт шуд
Бахтиёр Раҳимов солҳои зиёд дар саҳнаи ҳаҷви тоҷик фаъолият намуда, бо нақшҳои хос ва сабки ҳаҷвии худ дар байни бинандагон маҳбубияти зиёд касб карда буд. Вай дар саҳна бештар бо симои "Ғарибшо" шинохта мешуд.
Бахтиёр Раҳимов ҳаҷвнигори шинохта ва яке аз бунёдгузорони гуруҳи ҳаҷвии "Ғарибшо компания" буд ва бо офаридани нақши "Ғарибшо" бештар маҳбубият дошт. Вай дар чандин филм ҳам нақш офаридааст.
Лентаи хабарҳо
0