https://sputnik.tj/20260715/bozdidi-sayohi-khoriji-viloyati-khatlon-1078985149.html
Боздиди беш аз 64 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар шаш моҳ аз вилояти Хатлон
Боздиди беш аз 64 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар шаш моҳ аз вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки зиёда аз 930 ҳазор сайёҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз вилоят боздид карданд
2026-07-15T12:46+0500
2026-07-15T12:46+0500
2026-07-15T12:46+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
хатлон
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/20/1024502072_0:141:3138:1906_1920x0_80_0_0_de4d3f52156a314a7a8d9864021de230.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба вилояти Хатлон наздик ба 931 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 868 ҳазораш сайёҳони дохилӣ ва беш аз 63 ҳазораш сайёҳони хориҷӣ мебошанд.Дар ин бора шуъбаи сайёҳи Мақомоти иҷроияи зокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 шумораи умумии сайёҳон беш аз 35% афзоиш ёфтааст.Тавре ин ниҳод хабар додааст, имрӯз дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 158 мавзеъи сайёҳӣ, 134 меҳмонхона, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 47 осорхона, 118 зиёратгоҳ, 49 homestay ва guesthouse, 80 мағозаи армуғон, 125 чойхона, 377 банкомат, 88 аломати роҳнамо ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон аз кишвар бештар аз ҳама сайёҳон аз Узбекистони боздид мекунад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2026 беш аз 247 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон боздид карданд.Русҳо низ аз тамошои зебоиҳои Тоҷикистон лаззат мебаранд. Дар чор моҳи аввал 104 700 сайёҳ аз Русия омадаанд. Қирғизистон бо 40 ҳазор нафар дар сегонаи аввал қарор гирифт.Тоҷикистон ҳамчунин барои сайёҳони Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Беларус низ ҷолиб аст.Ба наздикӣ дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии сайёҳӣ таъсис дода шуд.Ин созмон ба хотири густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ таъсис ёфтааст.Қарор аст, таъсиси ин ассотсиатсия бахши сайёҳии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ кунад.
https://sputnik.tj/20260614/gardishgar-ziyod-tojikiston-sozmon-nav-sayyohi-tasis-1078287903.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102450/20/1024502072_205:0:2934:2047_1920x0_80_0_0_b5bb52a7d58fd7133b8a7d996124f633.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, хатлон, хориҷӣ
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, хатлон, хориҷӣ
Боздиди беш аз 64 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар шаш моҳ аз вилояти Хатлон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки зиёда аз 930 ҳазор сайёҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз вилоят боздид карданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба вилояти Хатлон наздик ба 931 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 868 ҳазораш сайёҳони дохилӣ ва беш аз 63 ҳазораш сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Дар ин бора шуъбаи сайёҳи Мақомоти иҷроияи зокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 шумораи умумии сайёҳон беш аз 35% афзоиш ёфтааст.
Тавре ин ниҳод хабар додааст, имрӯз дар вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 158 мавзеъи сайёҳӣ, 134 меҳмонхона, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 47 осорхона, 118 зиёратгоҳ, 49 homestay ва guesthouse, 80 мағозаи армуғон, 125 чойхона, 377 банкомат, 88 аломати роҳнамо ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон аз кишвар бештар аз ҳама сайёҳон аз Узбекистони боздид мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2026 беш аз 247 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон боздид карданд.
Русҳо низ аз тамошои зебоиҳои Тоҷикистон лаззат мебаранд. Дар чор моҳи аввал 104 700 сайёҳ аз Русия омадаанд. Қирғизистон бо 40 ҳазор нафар дар сегонаи аввал қарор гирифт.
Тоҷикистон ҳамчунин барои сайёҳони Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Беларус низ ҷолиб аст.
Ба наздикӣ дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Ин созмон ба хотири густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ таъсис ёфтааст.
Қарор аст, таъсиси ин ассотсиатсия бахши сайёҳии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ кунад.