https://sputnik.tj/20260714/dukhtaroni-noboligh-mutodon-mavodi-mukhaddir-tojikiston-1078974765.html
“Духтарони ноболиғ”: шумори муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?
“Духтарони ноболиғ”: шумори муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳузури афроди зери синни қонуниро дар миёни муътодони маводи мухаддир дар кишвар таъйид кард
2026-07-14T11:41+0500
2026-07-14T11:41+0500
2026-07-14T11:41+0500
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
агентии назорати маводи нашъаовар
духтарон
занон
эъломи омори муътодон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/49/1013654926_0:164:3059:1884_1920x0_80_0_0_df84296cf0bd70003597c14221eed6f9.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ, 231 муътоди ҷадид дар кишвар сабт шудаанд.Дилшод Баротиён, муовини раиси Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар умури пешгирӣ аз нашъамандӣ, дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, ки се нафар аз нашъамандон камтар аз 17 сол син доранд ва ҳар се духтар ҳастанд.“Мо ба далоили мушаххас, ҳувият ва маҳалли иқомати ононро фош намекунем, аммо ҳамаи онон таҳти дармон ва назорати шадиди ниҳодҳои марбута қарор доранд., - гуфт ӯ.Бар асоси иттилооти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, то якуми июли соли ҷорӣ шумори кулли муътодон ба 3959 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025, 43 нафар ё 1,1 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Аз ин теъдод, 111 нафар зан ҳастанд, ки се нафари онҳо духтарони зери 17 сол мебошанд.Ба гуфтаи ин ниҳод, ин се нафар танҳо афроди зери 17 сол ҳастанд, ки дар омори расмии муътодони ноболиғ сабт шудаанд.Аз назари гурӯҳҳои синнӣ, 1150 нафар миёни 18 то 34 сол, 2720 нафар миёни 35 то 59 сол ва 86 нафари дигар аз 60-сола болотар ҳастанд.Аз маҷмӯи муътодон, 993 нафар, муодили 25 дарсад, маводи мухаддирро ба сурати тазриқӣ масраф мекунанд. Ҳамчунин бар асоси омори расмӣ, дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ, 40 бемори муътод, аз ҷумла як зан, ҷон бохтаанд.Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон ба изои ҳар 100 ҳазор нафар ҷамъият, 39,6 муътод вуҷуд дорад, ки дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои дигар, шохисе бисёр поин маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20260624/rusiya-tojikiston-muboriza-mavodi-mukhaddir-1078560046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/49/1013654926_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_7b8bb594aee3da166449f7a308583eda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовар, духтарон, занон, эъломи омори муътодон
дар тоҷикистон, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовар, духтарон, занон, эъломи омори муътодон
“Духтарони ноболиғ”: шумори муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳузури афроди зери синни қонуниро дар миёни муътодони маводи мухаддир дар кишвар таъйид кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ, 231 муътоди ҷадид дар кишвар сабт шудаанд.
Дилшод Баротиён, муовини раиси Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар умури пешгирӣ аз нашъамандӣ, дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, ки се нафар аз нашъамандон камтар аз 17 сол син доранд ва ҳар се духтар ҳастанд.
“Мо ба далоили мушаххас, ҳувият ва маҳалли иқомати ононро фош намекунем, аммо ҳамаи онон таҳти дармон ва назорати шадиди ниҳодҳои марбута қарор доранд., - гуфт ӯ.
Бар асоси иттилооти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, то якуми июли соли ҷорӣ шумори кулли муътодон ба 3959 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2025, 43 нафар ё 1,1 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Аз ин теъдод, 111 нафар зан ҳастанд, ки се нафари онҳо духтарони зери 17 сол мебошанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин се нафар танҳо афроди зери 17 сол ҳастанд, ки дар омори расмии муътодони ноболиғ сабт шудаанд.
Аз назари гурӯҳҳои синнӣ, 1150 нафар миёни 18 то 34 сол, 2720 нафар миёни 35 то 59 сол ва 86 нафари дигар аз 60-сола болотар ҳастанд.
Аз маҷмӯи муътодон, 993 нафар, муодили 25 дарсад, маводи мухаддирро ба сурати тазриқӣ масраф мекунанд. Ҳамчунин бар асоси омори расмӣ, дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ, 40 бемори муътод, аз ҷумла як зан, ҷон бохтаанд.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон ба изои ҳар 100 ҳазор нафар ҷамъият, 39,6 муътод вуҷуд дорад, ки дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои дигар, шохисе бисёр поин маҳсуб мешавад.