Норозигии Раҳмон аз маҷлисҳо бо усулҳои куҳна, бадрафторӣ ва ришвагирии кормандони адлия

© Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар
Мулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар мегӯяд, ки ҳолатҳои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон, рафтори дағалона мақомдорону нотариусҳо ва ба таври сунъӣ ба кашолкории дархостҳо ҳоло ҳам ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи бинои нави вазорати адлия аз муносибати дағалонаи кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариати давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.
Раисҷумҳур зимни суханрониаш таъкид кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи қонунҳои нав аксар вақт бо усулҳои куҳна, яъне маҷлисҳои расмӣ гузаронида мешаванд.
Вай гуфт истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иттилоотӣ барои тарбия ва ҷалби ҷавонон дар руҳияи эҳтирому риояи қонун, яъне тарбияи ҳуқуқии онҳо ҳоло ҳам нокифоя мебошад.
Вай ба мақомдорон гуфт фаъолияти мақомоти адлия дар самти хизматрасониҳои давлатӣ беҳбудиро талаб мекунад.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҳарчанд дар соҳа раванди рақамикунонӣ ба роҳ монда шудааст, вале суръати рушди он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

“Мувофиқи маълумот дар феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ 72 намуди хизматрасониҳои давлатӣ ба Вазорати адлия мансуб мебошад.Аммо ҳоло танҳо 9 намуди онҳо тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ дастрас мебошад, ки ин барои мақоми масъули соҳаи хизматрасониҳои муҳимми ҳуқуқӣ қонеъкунанда нест”, - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки нигоҳ доштани хизматрасониҳо дар шакли коғазӣ, навбатҳои сунъӣ, муроҷиати такрории шаҳрвандон, талаб намудани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ боиси ба вуҷуд омадани норизоияти мардум ва ҳолатҳои коррупсионӣ мегардад.
“Ҳолатҳои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати корафтодагон ва муносибати дағалонаи кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариати давлатӣ ва ба таври сунъӣ ба кашолкорӣ роҳ додан ҳоло ҳам ҷой доранд”, - гуфт президенти кишвар.
Вай илова кард, ки аз соли 2016 то соли 2025 танҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент вобаста ба фаъолияти мақомоти адлия 1200 муроҷиат, аз ҷумла нисбат ба фаъолияти кормандон 314 шикоят ворид шудааст.
Мулоқот бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Нигаронии Раҳмон аз беаҳмиятии кормандони вазорат дар таҳияи санадҳо ба ҳукумат
Ҳамчунин, раисҷумҳур таъкид кард, ки ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ даст задани баъзе кормандони мақомоти адлия ҳоло ҳам ҷой доранд.
Вай афзуд, ки дар даҳ соли охир, яъне аз соли 2016 то ба имрӯз 129 нафар кормандони мақомоти адлия даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки аз ҷониби прокуратура дар ин давра нисбат ба кормандони масъули Вазорати адлия ва сохторҳои тобеи он 121 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ба гуфтаи вай аз ин шумора 15 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони идораи нотариалии шаҳру ноҳияҳо, 30 парванда нисбат ба роҳбарону кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва 76 парванда нисбат ба масъулини муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0