Холмуҳаммадзода: Шаҳрвандии Русия мояи нигаронӣ нест

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПроверка документов воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ
Проверка документов  воинского учета у мигрантов, получивших гражданство РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, дар ҳар сурат "тоҷик мемонанд".
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмуҳаммадзода зини нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки шаҳрванди Русия шудани беш аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ дар даҳ соли охир мояи нигаронӣ нест.
Солеҳа Холмуҳаммадзода таъкид кард, ки онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, дар ҳар сурат "тоҷик мемонанд".
"Ин хоҳиши ҳар шаҳрванд аст. Диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ободии кишвар, сохтмони бунгоҳи тиббиву мактабу биноҳои истиқоматӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фикр мекунем, ҳар нафаре, ки новобаста шаҳрвандии дигар давлатро гирифтааст, ҳамеша тоҷик будани худро аз даст намедиҳад," – афзуд вазири тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС хабар дода буд, ки дар ду соли охир 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.
Бо ин нишондод, шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2025 дар рӯйхати хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ҷойи аввалро гирифтаанд.
Сотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Сафири Русия: Тоҷикистониён ба гирифтани шаҳрвандии Русия то ҳол таваҷҷӯҳи зиёд доранд
Бино бар омори Русия, дар даҳ соли охир беш аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Ба иттилои сафири Русия дар Тоҷкистон дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Вай қайд кард, ки бисёре аз тоҷикон аллакай дар Русия ҳамчун шаҳрвандони Русия кор мекунанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, ба Русия мераванд.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир миёни кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Тоҷикистон, бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0