Сафири Русия: Тоҷикистониён ба гирифтани шаҳрвандии Русия то ҳол таваҷҷӯҳи зиёд доранд

© Sputnik / Максим БлиновСотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ.
Сотрудник ПФР держит в руках паспорт РФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гирифтани шаҳрвандии Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 мая - Sputnik. Дар ин бора сафири Русия дар Ҷумҳурӣ Семён Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаҳои Русия дарёфт карданд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон қайд кард, ки ааксари онҳое, ки шаҳрвандии Русия гирифтанд ё аз рӯи таваллуд ё тавассути яке аз волидонашон шаҳрванди Русия шуданд.
"Бояд қайд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста ба шаҳрвандии Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд - тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025, 78 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Дар соли 2024 ин рақам беш аз 42 ҳазор нафарро ташкил медод. Аксарияти онҳо аз рӯи таваллуд ё тавассути яке аз волидонашон шаҳрвандиро гирифтаанд", - гуфт ӯ.
Ба иттилои сафири Русия дар Тоҷкистон дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.
"Айни замон беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Русия маъмултарин кишвар барои тоҷикон боқӣ мемонад”, - гуфт ӯ.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Григорев: Масъалаи муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад
Григорьев қайд кард, ки бисёре аз тоҷикон аллакай дар Русия ҳамчун шаҳрвандони Русия кор мекунанд.
Сафир афзуд, ки онҳо "на дар бахшҳои анъанавии муҳоҷирати меҳнатӣ, ба монанди сохтмон ва кишоварзӣ, балки дар соҳаҳои баландихтисос", аз ҷумла ҳамчун табибон ва муаллимон дар минтақаҳои Русия кор мекунанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, ба Русия мераванд.
Президенти Русия Владимир Путин зимни сафари давлатии худ ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 саҳми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди Русия қайд кард.
Лентаи хабарҳо
0