https://sputnik.tj/20260713/marz-tojikistonu-afghoniston-17-dargirii-musalahhona-1078955808.html
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 даргирии мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайвастааст
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 даргирии мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайвастааст
Sputnik Тоҷикистон
Аксари ин даргириҳо бо чоқочбарони маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон, ба вуқӯъ пайвастааст
2026-07-13T12:51+0500
2026-07-13T12:51+0500
2026-07-13T22:05+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
марз
даргирӣ
қочоқ
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078666736_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_ff649209d74431bf8b4930956bb2b944.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тайи шаш моҳ 7 даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқчиёни афғон ба вуқӯъ пайвастааст.Дар ин бора сардори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ Зафар Самад зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин даргириҳо, 17 қочоқбар безарар гардонида шудааст.Ҳамзамон дар ин муддат дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон 1 тоннаю 513 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.Ҳамин аст, ки ахиран, дар доираи конфронси ҳисоботӣ кормандони АНМН зиёда аз 333 кило маводи мухаддирро дар бухории махсус ба таври намоишӣ сӯзонданд.Бояд гуфт, ки марзи беш аз 1300 – километраи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷумлаи хатарноктарин ва пурчолиштарин марзҳои ҷаҳон аст.Ҳукумати Тоҷикистон барномаи тақвияти марзро рӯи даст гирифта, роҳҳои марзӣ, симхор, камераҳои назоратӣ, дидбонгоҳу посгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббиро бунёд мекунад. Танҳо соли 2025 дар марзи тоҷику афғон 176 иншооти мухталиф бунёд гардид.Аз ҷумла дар қитъаҳои марзии вилояти Хатлон, ки солҳои дароз ба таври меъёрӣ муҳофизат намешуд, 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ – “Истиқлол”, “Даҳана”, “Манора” ва ба номи Саттор Мадсабуров - сохта шуд. Ҳамаи онҳо бо хатти барқ, алоқаи махсус, дастгоҳҳои касбии огоҳкунӣ ва дигар лавозимоту имконоти муосир таҷҳиз шудаанд.
https://sputnik.tj/20260623/simkhor-kamera-tojikiston-marzho-taqviyat-1078494120.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078666736_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e5be5ce8d84351224ddaa01328e5c736.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, марз, даргирӣ, қочоқ, дар тоҷикистон, маводи мухаддир
афғонистон, марз, даргирӣ, қочоқ, дар тоҷикистон, маводи мухаддир
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 даргирии мусалаҳҳона ба вуқӯъ пайвастааст
12:51 13.07.2026 (Навсозишуда: 22:05 13.07.2026) Аксари ин даргириҳо бо чоқочбарони маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон, ба вуқӯъ пайвастааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тайи шаш моҳ 7 даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқчиёни афғон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар ин бора сардори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ Зафар Самад зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин даргириҳо, 17 қочоқбар безарар гардонида шудааст.
Ҳамзамон дар ин муддат дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон 1 тоннаю 513 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ҳамин аст, ки ахиран, дар доираи конфронси ҳисоботӣ кормандони АНМН зиёда аз 333 кило маводи мухаддирро дар бухории махсус ба таври намоишӣ сӯзонданд.
Бояд гуфт, ки марзи беш аз 1300 – километраи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷумлаи хатарноктарин ва пурчолиштарин марзҳои ҷаҳон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи тақвияти марзро рӯи даст гирифта, роҳҳои марзӣ, симхор, камераҳои назоратӣ, дидбонгоҳу посгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббиро бунёд мекунад. Танҳо соли 2025 дар марзи тоҷику афғон 176 иншооти мухталиф бунёд гардид.
Аз ҷумла дар қитъаҳои марзии вилояти Хатлон, ки солҳои дароз ба таври меъёрӣ муҳофизат намешуд, 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ – “Истиқлол”, “Даҳана”, “Манора” ва ба номи Саттор Мадсабуров - сохта шуд. Ҳамаи онҳо бо хатти барқ, алоқаи махсус, дастгоҳҳои касбии огоҳкунӣ ва дигар лавозимоту имконоти муосир таҷҳиз шудаанд.