https://sputnik.tj/20260712/tojikiston-istikhroj-angisht-afzoish-dod-1078943598.html
Тоҷикистон истихроҷи ангиштро афзоиш додааст
Тоҷикистон истихроҷи ангиштро афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ тайи моҳҳои январ-июн ба хориҷ ҳудуди 267 ҳазор тонна ангишро ба қимати 9,2 млн доллар фурӯхтааст, иттилоъ дод вазир
2026-07-12T15:31+0500
2026-07-12T15:31+0500
2026-07-12T15:48+0500
дар тоҷикистон
ангишт
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045860691_0:62:3531:2048_1920x0_80_0_0_891a544bd791f92ed2b04629f36d4a3f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон истихроҷи ангиштро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13,3% афзоиш додааст.Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш хабар дод.Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то июн 20 ширкат дар 13 кон дар саросари кишвар ангишт истихроҷ кардаанд. Дар маҷмӯъ қариб 1,2 млн тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 140 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад. Тавре ки Шералӣ Кабир қайд кард, то 1 июл ангишти боқимонда дар анборҳои ширкатҳо аз 1,6 млн тонна зиёд шудааст. Аз аввали соли 2026 ин рақам 424 ҳазору 600 тонна афзоиш ёфтааст. Ӯ афзуд, ки 34,3%-и ангишт аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ истихроҷ шудааст, дар ҳоле ки 65,7%-и боқимонда аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба даст оварда шудааст. "Дар давраи ҳисоботӣ 760,600 тонна фурӯхта шуд, ки аз он 125,000 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ расонида шуд", - афзуд Шералӣ Кабир.Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷ дар маҷмӯъ 267 ҳазор тонна ангиш содир шудааст.Фоида аз фурӯши он ҳудуди 9,2 млн доллар будааст.
https://sputnik.tj/20260628/koni-tojikiston-istehsoli-angisht-afzoish-1078629080.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045860691_380:0:3111:2048_1920x0_80_0_0_72054791db469ac72d7606ee4fc9009f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ангишт, саноат
дар тоҷикистон, ангишт, саноат
Тоҷикистон истихроҷи ангиштро афзоиш додааст
15:31 12.07.2026 (Навсозишуда: 15:48 12.07.2026) Ҷумҳурӣ тайи моҳҳои январ-июн ба хориҷ ҳудуди 267 ҳазор тонна ангишро ба қимати 9,2 млн доллар фурӯхтааст, иттилоъ дод вазир
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон истихроҷи ангиштро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13,3% афзоиш додааст.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон дар пайи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш хабар дод.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то июн 20 ширкат дар 13 кон дар саросари кишвар ангишт истихроҷ кардаанд.
Дар маҷмӯъ қариб 1,2 млн тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 140 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад.
Тавре ки Шералӣ Кабир қайд кард, то 1 июл ангишти боқимонда дар анборҳои ширкатҳо аз 1,6 млн тонна зиёд шудааст. Аз аввали соли 2026 ин рақам 424 ҳазору 600 тонна афзоиш ёфтааст.
"Аз ҷиҳати арзишӣ, 356,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025, ин ҳаҷм 66 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст", - гуфт вазири саноат.
Ӯ афзуд, ки 34,3%-и ангишт аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ истихроҷ шудааст, дар ҳоле ки 65,7%-и боқимонда аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба даст оварда шудааст.
"Дар давраи ҳисоботӣ 760,600 тонна фурӯхта шуд, ки аз он 125,000 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ расонида шуд", - афзуд Шералӣ Кабир.
Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷ дар маҷмӯъ 267 ҳазор тонна ангиш содир шудааст.
Фоида аз фурӯши он ҳудуди 9,2 млн доллар будааст.