https://sputnik.tj/20260628/koni-tojikiston-istehsoli-angisht-afzoish-1078629080.html
Қадимтарин кони Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро то 1 млн тонна дар як сол афзоиш доданист
Қадимтарин кони Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро то 1 млн тонна дар як сол афзоиш доданист
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳри Шуроб, ки замоне яке аз "ҷазираҳои рус" номида мешуд, дурнамои хуби рушд дорад
2026-06-28T10:21+0500
2026-06-28T10:21+0500
2026-06-28T10:21+0500
дар тоҷикистон
ангишт
истеҳсол
саноат
тавлид
суғд
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101552/80/1015528023_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_04919e782c05cc530b8a2e97cd984116.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Кони ангишт дар шаҳраки хурди Шуроб дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони Империяи Русия кушода шуда буд, нақша дорад, ки то охири соли 2027 истеҳсоли ангиштро то як миллион тонна афзоиш диҳад.Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ва дигар иштирокчиёни боздиди хабарнигорон аз ин шаҳраки кӯҳканон мушовири директори генералии корхонаи истихроҷи “Ангишт” Ҳакимҷон Маҳмудзода хабар дод.Чунин миқдори маъданро дар кони Шуроб дар охири солҳои 1970 дар замони Шӯравӣ истихроҷ мекарданд. Ба гуфтаи конканон, ин давра давраи авҷи ин шаҳри байналмилалӣ бо аҳолии тақрибан 10 000 нафар ҳисобида мешуд.Каме аз таърихи шаҳрИстеҳсоли ангиштсанг дар ин ҷо, бино ба иттилои маъмурияти шаҳр, соли 1902 бо иштироки аввалин мутахассисони рус оғоз шуда буд. Кушодани кони ангишт ва ҷалби шумораи зиёди коргарон ва мутахассисон аз Русия ва аҳолии маҳаллӣ боиси таъсиси шаҳри Шуроб гардид. Баъдтар он "шаҳри русӣ" номида шуд, зеро беш аз 80% аҳолӣ русзабон буданд.Дар Шуроб намояндагони тақрибан 40 миллат - русҳо, украинҳо, тоторҳо, тоҷикҳо, узбекҳо, қирғизҳо, бошқирдҳо ва намояндагони дигар миллатҳо ва халқҳои ИҶШС зиндагӣ ва кор мекарданд.Дар солҳои 60—80-ум дар ин ҷо се мактаб фаъолият доштанд, ки дар дутои онҳо таҳсил ба забони русӣ буд. Дар ин ҷо Хонаи маданият, яке аз беҳтарин боғҳои истироҳатӣ ва универмаги калон мавҷуд буданд, ки дар он сокинон камёфттарин молҳои саноатиро ёфта метавонистанд. Бинобар аҳамияти махсус доштани истеҳсоли ангишт, ки барои соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зарур буд, мағозаҳои ин шаҳр ба қавли онвақта “аз Маскав таъмин мешуданд”.Дар миёнаи солҳои 80-ум як кони ангишт зери обҳои зеризаминӣ монд. Ва фурӯравии замин оғоз ёфт. Бисёр биноҳои истиқоматӣ дар минтақаи хавфнок қарор доштанд, зеро дар чуқурии 600—800 метр аз таги онҳо нақбҳо ҷойгир буданд. Дар ин замина мақомот тасмим гирифтанд, ки биноҳои баландошёна бунёд кунанд ва мардумро аз биноҳои фарсуда кӯч диҳанд. Инфрасохтори шаҳр, аз ҷумла Боғи фарҳангу фароғат низ осеб диданд, ки бунёди чунин боғи дигар имкон нашуд.Фалокат дар кон боиси баста шудани бисёр нақбҳо гардид, ки ин ба кам шудани истеҳсоли ангишт ҳам таъсир расонд. Мутахассисони бе кор монданд ва Шуробро тарк гуфтанд, баъзеҳо ба Донбасс, қисме ба Кузбасс, дигарон ба Қараганда рафтанд. Муҳоҷирати аҳолӣ махсусан пас аз пошхӯрии ИҶШС шиддат гирифт, ки умеди маъданчиёнро ба барқарорсозии кон барбод дод.Ҳоло дар Шуроб қариб се ҳазор нафар сукунат доранд. Инҳо асосан кормандони ҳукумати шаҳр, аъзои оилаи онҳо ва нафақахӯрон мебошанд. Аз мардуми русзабон танҳо онҳое боқӣ монданд, рафтан натавонистанд ва ё ҷои рафтан надоштанд.Дар аввали солҳои 2000-ум, бо ташаббуси якчанд мутахассисони маҳаллӣ, истихроҷи дастӣ дар кони Шӯроб ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳаҷми истеҳсолот ҳоло ба 60-70 ҳазор тонна расидааст.Имкони дуюмВазъият дар соли 2019 пас аз қабули Консепсияи рушди саноати ангишт, ки афзоиши мунтазами истеҳсолотро пешбинӣ мекард, тағйир ёфт.Ин оғози ҷустуҷӯи фаъоли сармоягузорон барои барқарор кардани кони ангишти кушоди Шӯроб буд. Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷамъовардашуда ба 570 миллион сомонӣ расида, соҳибкорони хориҷӣ аллакай 430 миллион долларро барои барқарорсозии кон сармоягузорӣ кардаанд.Азнавсозии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истихроҷи ангишт айни замон бо суръати баланд идома дорад. То охири сол ширкат ният дорад, ки ба кор андохтани конҳои нави ангишти кушод бо истифода аз усулҳои механиконидашудаи муттаҳидшуда шурӯъ кунад, ки имкон медиҳад, ки истеҳсоли маъдан ба таври назаррас афзоиш ёбад."Мо итминон дорем, ки кони ангишти Шӯроб на танҳо обрӯи худро ҳамчун як корхонаи шаҳрсоз барқарор мекунад, балки бо назардошти логистикаи аълои худ яке аз содиркунандагони пешбари ангишт дар Тоҷикистон хоҳад шуд".Ин роҳи оҳан, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, кишварро бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон мепайвандад ва имкон медиҳад, ки ангишт мустақиман ба истеъмолкунандагон интиқол дода шавад.Ӯ қайд кард, ки пас аз ба кор андохтани кони Шӯроб, он 1600 коргарро ба кор ҷалб хоҳад кард."Ин барои деҳаҳои атрофи сераҳолии Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух, ки дар он ҷо корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоранд, хеле муҳим аст ва бекорӣ дар онҳо як масъалаи мубрами иҷтимоӣ аст", - шарҳ дод Қосимов.
https://sputnik.tj/20241012/dar-sugd-tilloi-siyoh-istehsol-narkh-baland-1064689960.html
https://sputnik.tj/20260331/shahr-isfara-kon-angisht-1076501842.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101552/80/1015528023_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_9b42926f1274be999159c1a59a72afa3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ангишт, истеҳсол, саноат, тавлид, суғд, коргоҳ
дар тоҷикистон, ангишт, истеҳсол, саноат, тавлид, суғд, коргоҳ
Қадимтарин кони Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро то 1 млн тонна дар як сол афзоиш доданист
Эксклюзив
Шаҳри Шуроб, ки замоне яке аз "ҷазираҳои рус" номида мешуд, дурнамои хуби рушд дорад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Кони ангишт дар шаҳраки хурди Шуроб дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони Империяи Русия кушода шуда буд, нақша дорад, ки то охири соли 2027 истеҳсоли ангиштро то як миллион тонна афзоиш диҳад.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ва дигар иштирокчиёни боздиди хабарнигорон аз ин шаҳраки кӯҳканон мушовири директори генералии корхонаи истихроҷи “Ангишт” Ҳакимҷон Маҳмудзода хабар дод.
Чунин миқдори маъданро дар кони Шуроб дар охири солҳои 1970 дар замони Шӯравӣ истихроҷ мекарданд. Ба гуфтаи конканон, ин давра давраи авҷи ин шаҳри байналмилалӣ бо аҳолии тақрибан 10 000 нафар ҳисобида мешуд.
Истеҳсоли ангиштсанг дар ин ҷо, бино ба иттилои маъмурияти шаҳр, соли 1902 бо иштироки аввалин мутахассисони рус оғоз шуда буд. Кушодани кони ангишт ва ҷалби шумораи зиёди коргарон ва мутахассисон аз Русия ва аҳолии маҳаллӣ боиси таъсиси шаҳри Шуроб гардид. Баъдтар он "шаҳри русӣ" номида шуд, зеро беш аз 80% аҳолӣ русзабон буданд.
Дар Шуроб намояндагони тақрибан 40 миллат - русҳо, украинҳо, тоторҳо, тоҷикҳо, узбекҳо, қирғизҳо, бошқирдҳо ва намояндагони дигар миллатҳо ва халқҳои ИҶШС зиндагӣ ва кор мекарданд.
Дар солҳои 60—80-ум дар ин ҷо се мактаб фаъолият доштанд, ки дар дутои онҳо таҳсил ба забони русӣ буд. Дар ин ҷо Хонаи маданият, яке аз беҳтарин боғҳои истироҳатӣ ва универмаги калон мавҷуд буданд, ки дар он сокинон камёфттарин молҳои саноатиро ёфта метавонистанд. Бинобар аҳамияти махсус доштани истеҳсоли ангишт, ки барои соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зарур буд, мағозаҳои ин шаҳр ба қавли онвақта “аз Маскав таъмин мешуданд”.
Дар миёнаи солҳои 80-ум як кони ангишт зери обҳои зеризаминӣ монд. Ва фурӯравии замин оғоз ёфт. Бисёр биноҳои истиқоматӣ дар минтақаи хавфнок қарор доштанд, зеро дар чуқурии 600—800 метр аз таги онҳо нақбҳо ҷойгир буданд. Дар ин замина мақомот тасмим гирифтанд, ки биноҳои баландошёна бунёд кунанд ва мардумро аз биноҳои фарсуда кӯч диҳанд. Инфрасохтори шаҳр, аз ҷумла Боғи фарҳангу фароғат низ осеб диданд, ки бунёди чунин боғи дигар имкон нашуд.
Фалокат дар кон боиси баста шудани бисёр нақбҳо гардид, ки ин ба кам шудани истеҳсоли ангишт ҳам таъсир расонд. Мутахассисони бе кор монданд ва Шуробро тарк гуфтанд, баъзеҳо ба Донбасс, қисме ба Кузбасс, дигарон ба Қараганда рафтанд. Муҳоҷирати аҳолӣ махсусан пас аз пошхӯрии ИҶШС шиддат гирифт, ки умеди маъданчиёнро ба барқарорсозии кон барбод дод.
Ҳоло дар Шуроб қариб се ҳазор нафар сукунат доранд. Инҳо асосан кормандони ҳукумати шаҳр, аъзои оилаи онҳо ва нафақахӯрон мебошанд. Аз мардуми русзабон танҳо онҳое боқӣ монданд, рафтан натавонистанд ва ё ҷои рафтан надоштанд.
Дар аввали солҳои 2000-ум, бо ташаббуси якчанд мутахассисони маҳаллӣ, истихроҷи дастӣ дар кони Шӯроб ба роҳ монда шуд. Ҳоло ҳаҷми истеҳсолот ҳоло ба 60-70 ҳазор тонна расидааст.
Вазъият дар соли 2019 пас аз қабули Консепсияи рушди саноати ангишт, ки афзоиши мунтазами истеҳсолотро пешбинӣ мекард, тағйир ёфт.
Ин оғози ҷустуҷӯи фаъоли сармоягузорон барои барқарор кардани кони ангишти кушоди Шӯроб буд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷамъовардашуда ба 570 миллион сомонӣ расида, соҳибкорони хориҷӣ аллакай 430 миллион долларро барои барқарорсозии кон сармоягузорӣ кардаанд.
Азнавсозии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истихроҷи ангишт айни замон бо суръати баланд идома дорад. То охири сол ширкат ният дорад, ки ба кор андохтани конҳои нави ангишти кушод бо истифода аз усулҳои механиконидашудаи муттаҳидшуда шурӯъ кунад, ки имкон медиҳад, ки истеҳсоли маъдан ба таври назаррас афзоиш ёбад.
"Мо итминон дорем, ки кони ангишти Шӯроб на танҳо обрӯи худро ҳамчун як корхонаи шаҳрсоз барқарор мекунад, балки бо назардошти логистикаи аълои худ яке аз содиркунандагони пешбари ангишт дар Тоҷикистон хоҳад шуд".
Ин роҳи оҳан, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, кишварро бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон мепайвандад ва имкон медиҳад, ки ангишт мустақиман ба истеъмолкунандагон интиқол дода шавад.
"Сифати ангишти истихроҷшуда дар Шӯроб яке аз беҳтаринҳо дар фазои пасошӯравӣ аст. Ва талабот ба ин ангишт устувор хоҳад буд", - гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мудири шӯъбаи саноати маъмурияти шаҳри Исфара Баҳром Қосимов.
Ӯ қайд кард, ки пас аз ба кор андохтани кони Шӯроб, он 1600 коргарро ба кор ҷалб хоҳад кард.
"Ин барои деҳаҳои атрофи сераҳолии Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух, ки дар он ҷо корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоранд, хеле муҳим аст ва бекорӣ дар онҳо як масъалаи мубрами иҷтимоӣ аст", - шарҳ дод Қосимов.