Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи нафту газро афзоиш дод

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкНефтяная качалка компании "Татнефть" в Альметьевском районе Татарстана.
Нефтяная качалка компании Татнефть в Альметьевском районе Татарстана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкориҳои воридотиро дар бахши дахлдор бо яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ густариш дод
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Давоми шаш моҳи аввали соли 2026 Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи нафту газро афзоиш дод.
Дар ин бора намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҷараёни нишасти матбуотии ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки дар ин давра миқдори нафти истихроҷшуда 10,1 ҳаз. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 855,4 тонна зиёд аст.
Дар айни замон, ҳаҷми гази моеъ дар ҷумҳурӣ 335 ҳаз. метри мукаабро ташкил дод, ки 225 ҳаз. ё 1,7 маротиба аз нишондиҳандаҳои соли гузашта зиёдтар аст.
Намояндагони вазорат таъкид карданд, ки дар давраи ҳисоботӣ созмонҳои профилии Тоҷикистон 6,8 ҳаз. тонна нафтро коркард кардаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 443,3 тонна зиёд мебошад.
Нефтедобывающая установка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Намояндагони Вазорати энержӣ, хабар доданд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳамкорӣ бо ширкати CNPC Central Asia B. V., ки ба корҳои геологӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хоми табиӣ равона шудааст, идома ефт.
Лентаи хабарҳо
0