Тоҷикистон аз фурӯши сангҳои қимматбаҳо садҳо миллион доллар даромад гирифтааст

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкВзвешивание золотого слитка. Архивное фото
Взвешивание золотого слитка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар умум дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 127 давлати хориҷаи дуру наздик ба маблағи 6,8 млрд доллар додугирифт доштааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Содироти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз ним миллиард доллар афзудааст.
Дар ин бора директори Агентии содироти ҷумҳурӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра аз Тоҷикистон ба 44 давлати ҷаҳон молу маҳсулоти ватанӣ ба маблағи 1,6 млрд доллар содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 623,7 млн доллар ё 65,3% зиёд мебошад.
Таъкид мешавад, ки аз ҳаҷми умумии содирот 97,4% маҳсулоти саноатӣ ва 2,6% маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Тибқи додаҳои Агентӣ, сохтори содирот асосан аз ҳисоби металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо ба маблағи 517 млн доллар даромад доштааст.
Сбор лимонов в селе Червоное Сакского района.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2026
Хатлон омода аст содироти лиму ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Қазоқистон ба роҳ монад
Фоидаи кишвар аз ҳисоби фурӯши маъдан ва консентратҳо 451,7 млн доллар , сурма ва маснуот аз он 144,3 млн доллар, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 128,8 млн доллар рост меояд.
Дар ин давра ҷумҳурӣ ҳамзамон ба хориҷ, нахи пахта ба қимати 73,5 млн доллар, мис ва маснуот аз он 40,7 млн доллар, маҳсулоти кишоварзӣ 40,5 млн доллар, қувваи барқ 30,5 миллион доллар, калобаи пахтагӣ 20,8 млн доллар, либосҳои гуногун 21,5 млн доллар содир кардааст.
Ҳамзамон фурӯши қисмҳои мошин ва таҷҳизот 15 млн, маҳсулоти полиграфӣ 13,3 млн доллар, маҳсулоти кимиёии ғайриорганикӣ 10 млн доллар, ангишт 9,2 млн доллар, сурб 14,7 млн доллар ва семент 4,6 млн долларро ташакил додааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар умум дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 127 давлати хориҷаи дуру наздик ба маблағи 6,8 млрд доллар додугирифт доштааст.
Ин нишондод нисбат ба ба ҳамин давраи соли 2025 2,1 млрд доллар ё 43,8% зиёд мебошад, афзуд Агентии содирот.
Лентаи хабарҳо
0