Хатлон омода аст содироти лиму ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Қазоқистон ба роҳ монад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСбор лимонов в селе Червоное Сакского района.
Сбор лимонов в селе Червоное Сакского района.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2026
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон бо ҳокими вилояти Алма-Атои Қазоқистон масъалаи ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алма-Атои Қазоқистон Марат Султонгазиев масоили густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ кард.
© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской области Встреча главы хатлонской области с губернатором Алма-атинской области Казахстана Маратом Султангазиевым.
Встреча главы хатлонской области с губернатором Алма-атинской области Казахстана Маратом Султангазиевым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2026
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Раиси вилояти Хатлон дар ин дидор таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Қазоқистон сол ба сол таҳким ёфта, ҳамкориҳои байни минтақаҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.
Давлаталӣ Саид Қазоқистонро яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон номид ва гуфт рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳарду кишвар қарор дорад.
Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки вилоят ҳамчун яке аз минтақаҳои бузурги аграрии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсолӣ буда, махсусан дар парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, таҷрибаи ғанӣ дорад.
Раиси вилоят омодагии вилояти Хатлонро барои роҳандозии содироти мунтазами лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Қазоқистон таъкид намуд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар Қазоқистон ана ҳамин гуна гарм идома дорад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар Қазоқистон ана ҳамин гуна гарм идома дорад.
Давлаталӣ Саид дар ин дидор таъкид гардид, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳои ҷумҳурӣ буда, аҳолии он ба қариб 4 миллион нафар мерасад.
Дар вилоят наздики 80 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дошта, ҳамасола зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта, беш аз 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва маҳсулоти полезӣ, инчунин зиёда аз як миллион дона пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Ҳар сол аз вилояти Хатлон зиёда аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот мегардад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол, рушди сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар мусоидат намояд.
Ҳокими вилояти Алма-Атои Қазоқистон Марат Султонгазиев дар ин дидор омодагии худро барои густариши муносибатҳо баён доштааст.
Лентаи хабарҳо
0