Истеҳсоли алюминий, бренди содиротии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Руслан КривобокАлюминиевые слитки на Таджикском алюминиевом заводе
Алюминиевые слитки на Таджикском алюминиевом заводе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2026
Обуна шудан
Ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия низ коҳиш ёфта, дар ин давра ба 37,5 ҳазор тонна расидааст, иттилоъ дод вазири саноат
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Истеҳсоли алюминий, ки дар бахши содиротии тоҷикистон ҷойгоҳи умда дорад, сар аз аввали соз ба коҳиш рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, новобаста аз афзоиши умумии истеҳсолот, фаъолияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) дар нимсолаи аввал бо коҳиши истеҳсол рӯбарӯ шуд.
Ӯ гуфт, ки ТАЛКО дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 391,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст
Ин нишондод ба таъкиди вазир, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 30,8 миллион сомонӣ камтар мебошад.
Суръати афзоиши истеҳсол дар ширкат 92,7 дарсад арзёбӣ шудааст.
Добытые драгоценные камни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2026
Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 67% афзоиш ёфт
Бино ба додаҳои вазир, ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия низ коҳиш ёфта, дар ин давра ба 37,5 ҳазор тонна расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 11 ҳазору 450 тонна камтар буда, суръати афзоиш ҳамагӣ 76,6 дарсадро ташкил додааст.
Ба гуфти ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Тоҷикистон дар маҷмуъ ба маблағи 3 миллиарду 92,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 629,6 млн сомонӣ бештар буда, суръати афзоиши истеҳсолот 125,6 дарсадро ташкил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0