https://sputnik.tj/20260711/sodiroti-mahsuloti-sanoati-tojikiston-khorij-afzoish-1078917898.html
Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 67% афзоиш ёфт
Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 67% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон бештари маҳсулоти саноатии кишвар ба се кишвар Чин, Қазоқистон ва Узбекистон содирот шудааст
2026-07-11T15:31+0500
2026-07-11T15:31+0500
2026-07-11T15:31+0500
дар тоҷикистон
саноат
содирот
маҳсулот
хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102335/41/1023354118_0:152:2573:1599_1920x0_80_0_0_89873bad23de32c8ce2c8ae8f81a5de4.jpg
ДУШАНБЕ, 11июл - Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба 1,5 миллиард доллари ИМА расид.Дар ин бора директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617 миллион доллар ё 67% бештар мебошад.Ба гуфтаи вай, дар ин давра содироти металлҳои қиматбаҳо ба 517 миллион доллар расида, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 514,9 миллион доллар зиёд шудааст.Ҳамчунин зикр гардид, ки қисми зиёди содироти маъдан ва консентратҳо ба Чин рост меояд, ки 78,9%-ро ташкил медиҳад.Ба Ӯзбекистон 14% ва ба Қазоқистон 7,1% ин маҳсулот содирот шудааст.Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди содироти Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 феҳристҳои маҳсулоти содиротии саноативу кишоварзӣ, содироткунандагони ватанӣ ва ширкатҳои логистикиву боркашонии байналмилалӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор доранд.Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба густариши бозорҳои содиротӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20260710/bunyodi-korkhonahoi-sement-ohak-istaravshan-bobojon-ghafurov-1078899739.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102335/41/1023354118_0:0:2573:1931_1920x0_80_0_0_7f503e74ef6239564e01b7d915351220.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, содирот, маҳсулот, хориҷ
дар тоҷикистон, саноат, содирот, маҳсулот, хориҷ
Содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 67% афзоиш ёфт
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон бештари маҳсулоти саноатии кишвар ба се кишвар Чин, Қазоқистон ва Узбекистон содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 11июл - Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба 1,5 миллиард доллари ИМА расид.
Дар ин бора директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617 миллион доллар ё 67% бештар мебошад.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра содироти металлҳои қиматбаҳо ба 517 миллион доллар расида, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 514,9 миллион доллар зиёд шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки қисми зиёди содироти маъдан ва консентратҳо ба Чин рост меояд, ки 78,9%-ро ташкил медиҳад.
Ба Ӯзбекистон 14% ва ба Қазоқистон 7,1% ин маҳсулот содирот шудааст.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди содироти Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 феҳристҳои маҳсулоти содиротии саноативу кишоварзӣ, содироткунандагони ватанӣ ва ширкатҳои логистикиву боркашонии байналмилалӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор доранд.
Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба густариши бозорҳои содиротӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.