Дар Тоҷикистон талафоти барқ кам шуду ҷамъоварии маблағ зиёд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон талафоти нерӯи барқ ​​дар кишвар дар шаш моҳи соли равон то 12,9% коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ талафоти қувваи барқ ҳам дар сатҳи истеҳсоли он, ҳам дар сатҳи интиқол кам шудааст, гуфт вазири энергетикаи ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, талафоти энергияи барқ дар системаи энергетикӣ ба 1 млрд 654,3 млн кВт·соат ё 12,9 % баробар гардид.
Вазорат таъкид кардааст, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607,9 млн кВт·соат ё 4,2 % кам мебошад.
"Талафот дар сатҳи истеҳсоли он наздик ба меъёрҳои байналмилалӣ аст. Дар тақсимоти он талафот 19,9 % ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 4,2 % кам мебошад , ки 608 миллион кв соат ташкил медиҳад. Барои муқоиса норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон 2,5 миллиард квт соат ташкил медиҳад. Ин меъёр ҳам қонеъкунанда нест . Мо корҳоро дар ин самт пеш мебарем ва як раванди хуберо дар шаҳрҳои калониарин дида истодаем", - гуфт вазир.
Далер Ҷумъа қайд кард, ки дар шаҳри Бохтар, Душанбе ва Хуҷанд талафот ба таври назаррас кам шудааст.
Ба иттилои вазорат ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 96,1 % ё 4 млрд 244,9 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 242,4 млн сомонӣ ё 41,4 % зиёд мебошад.
Ҳамзамон ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 1 млрд 625,3 млн сомонӣ ё 97,7 % иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,5 млн. сомонӣ ё 32,8 % зиёд гардидааст.
Вазорат қайд кард, ки кам кардани талафоти нерӯи барқ ​​барои рушди бахш афзалиятнок боқӣ мемонад.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2026
Вазир: дар 35 сол 2300 МВт иқтидорҳои нави истеҳсолии неруи барқ бунёд гардид
Вазорат қайд кардааст, ки ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 маблағи қарзи дебитории энергияи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 835,2 млн сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ – 1 млрд 126,8 млн сомонӣ, ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик" – 991,4 млн сомонӣ танҳо дар назди ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ", КВД "Обу корезии ҷумҳурӣ" – 126,3 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ – 322,4 млн сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 100,4 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 159,5 млн сомониро ташкил дод.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ қарзи дебиторӣ ба маблағи 202,4 млн сомонӣ ё 5,6 % афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0