https://sputnik.tj/20260711/tojikiston-sodiroti-mahsuloti-kishovarzi-afzoish-1078915099.html
Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дод
Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои рушди самтҳои асосии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дар рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтори ин бахш, як қатор чораҳоемеандешад
2026-07-11T10:19+0500
2026-07-11T10:19+0500
2026-07-11T10:19+0500
кишоварзӣ
дар тоҷикистон
содирот
маҳсулот
хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_0:347:2732:1884_1920x0_80_0_0_2ddc59f54766043ab1812cc705033062.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тоҷикистон 74,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 39,9 миллион доллар ба хориҷ содир кардааст.Дар ин бора масъулини Вазорати кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.Қайд карда мешавад, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 21 кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки аксари онҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) равон шудааст.Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, ба хориҷ 21,8 ҳазор тонна сабзавот ва 10,600 тонна мева содирот шудааст. Тоҷикистон ҳамчунин тухм (3,7 ҳазор тонна) ва моҳӣ (33 тонна) низ содирот кардааст.Омор инчунин нишон медиҳад, ки истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра, Тоҷикистон ба маблағи 28,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,9 миллиард сомонӣ зиёдтар аст.Бахши бузургтаринро зироаткорӣ (18,3 миллиард сомонӣ) ва чорводорӣ (10,5 миллиард сомонӣ) дарбар мегирад.Ғайр аз ин, тибқи иттилои вазорат, дар ин давра афзоиши истеҳсоли баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шудааст. Масалан, 286 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% афзоиш ёфтааст, Инчунин истеҳсол гӯшт 135,6 ҳазор тонна (14,4%), шир 465,5 тонна (6,5%) ва як қатор молҳои дигар афзоиш ёфтааст.Намояндагони Вазорати кишоварзӣ таъкид карданд, ки дар нимаи аввали соли 2026 як қатор чораҳо барои рақамикунонии бахши кишоварзӣ андешида шудаанд. Масалан, татбиқи системаи иттилоотии мувофиқ оғоз шудааст.Интизор меравад, ки он имкон диҳад, ки зироатҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва аксҳои моҳвораӣ назорат карда шаванд, феҳристҳои деҳқонон таъсис дода шаванд ва платформаҳои зарурии электронӣ дар ин самт ба кор андохта шаванд.Ғайр аз ин, дар ин давра дар бахши кишоварзӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ оғоз гардиданд, ки бо ҳамкории як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда шуданд.Ин кор барои ҷалби маблағгузории иловагӣ ба бахши кишоварзии кишвар равона шудааст, ки ин, дар навбати худ, рушди устувори онро таъмин хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20260629/khatlon-sodiroti-limu-mahsuloti-kishovarzi-qazoqiston-1078675199.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160682_1:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1d54feaf009e92bc2d45e241120beb96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишоварзӣ, дар тоҷикистон, содирот, маҳсулот, хориҷ
кишоварзӣ, дар тоҷикистон, содирот, маҳсулот, хориҷ
Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дод
Тоҷикистон барои рушди самтҳои асосии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дар рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтори ин бахш, як қатор чораҳоемеандешад
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тоҷикистон 74,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 39,9 миллион доллар ба хориҷ содир кардааст.
Дар ин бора масъулини Вазорати кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 21 кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки аксари онҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) равон шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, ба хориҷ 21,8 ҳазор тонна сабзавот ва 10,600 тонна мева содирот шудааст. Тоҷикистон ҳамчунин тухм (3,7 ҳазор тонна) ва моҳӣ (33 тонна) низ содирот кардааст.
Омор инчунин нишон медиҳад, ки истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра, Тоҷикистон ба маблағи 28,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,9 миллиард сомонӣ зиёдтар аст.
Бахши бузургтаринро зироаткорӣ (18,3 миллиард сомонӣ) ва чорводорӣ (10,5 миллиард сомонӣ) дарбар мегирад.
Ғайр аз ин, тибқи иттилои вазорат, дар ин давра афзоиши истеҳсоли баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шудааст. Масалан, 286 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% афзоиш ёфтааст, Инчунин истеҳсол гӯшт 135,6 ҳазор тонна (14,4%), шир 465,5 тонна (6,5%) ва як қатор молҳои дигар афзоиш ёфтааст.
Намояндагони Вазорати кишоварзӣ таъкид карданд, ки дар нимаи аввали соли 2026 як қатор чораҳо барои рақамикунонии бахши кишоварзӣ андешида шудаанд. Масалан, татбиқи системаи иттилоотии мувофиқ оғоз шудааст.
Интизор меравад, ки он имкон диҳад, ки зироатҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва аксҳои моҳвораӣ назорат карда шаванд, феҳристҳои деҳқонон таъсис дода шаванд ва платформаҳои зарурии электронӣ дар ин самт ба кор андохта шаванд.
Ғайр аз ин, дар ин давра дар бахши кишоварзӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ оғоз гардиданд, ки бо ҳамкории як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ карда шуданд.
Ин кор барои ҷалби маблағгузории иловагӣ ба бахши кишоварзии кишвар равона шудааст, ки ин, дар навбати худ, рушди устувори онро таъмин хоҳад кард.