Дар Исфара нақзи қонуни танзим ба сифр расид: Шарҳи Мақомот

© Amir IsaevПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Исфара мегӯяд, ки тамоми маъракаҳо зери назорати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим қарор дошта
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Мақомоти шаҳри Исфара эълон кардааст, ки дар давоми се моҳи соли равон ягон ҳолати қонуншиканӣ танзим ба қайд гирифта нашудааст.
Тавре мақомоти шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ин намунаи хуби татбиқи амалии Қонун ба шумор меравад.
Тибқи маълумот, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 38 тӯйи домодиву арусӣ баргузор гардида, маблағи умумии онҳо 298 ҳазору 984 сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби бахши дин ва танзими анъанаҳо 22 маросими “чил” ва 10 маросими “сол” ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки яке аз омилҳои асосии риояи Қонун назорати доимӣ ва ҳамкории сохторҳои марбута мебошад.
“Дар Исфара тамоми маъракаҳо зери назорати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим қарор дошта, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ санҷишҳои муштарак гузаронда мешаванд”, - қайд кардааст мақомоти ин шаҳр.
Ҳамзамон Нилуфар Абдуллоева, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти шаҳри Исфара, зикр кард, ки дар натиҷаи чунин чораандешиҳо ягон ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ошкори боз 8 қонуншикании танзим дар Душанбе дар давоми ду рӯз
“Ин нишондиҳанда гувоҳи баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Ҳатто дар ҳолатҳои эҳтимолии қонуншиканӣ, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Чилгазӣ ба назар мерасид, масъалаҳо бо роҳи тавсия ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳалли худро ёфтанд”, –иброз дошт Нилуфар Абдуллоева.
Зикр гардидааст, ки Имрӯз шаҳрвандон бештар ба моҳияти маъракаҳо аҳамият дода, аз зоҳирпарастӣ ва хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ мекунанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки танзими шумораи мошинҳо, фаъолияти тӯйхонаҳо ва иштироки ҳофизон низ ба як меъёр дароварда шудаааст.
Лентаи хабарҳо
0