https://sputnik.tj/20260709/juziyoti-ajib-dar-mojaroi-sangpushthoi-qochoqi-1078965800.html
Ҷузъиёти аҷиб дар моҷарои сангпуштҳои қочоқӣ
Ҷузъиёти аҷиб дар моҷарои сангпуштҳои қочоқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷузъиёти аҷиберо дар бораи моҷарои сангпуштҳои қочоқӣ дар Маскав ироа карданд
2026-07-09T14:52+0500
2026-07-09T14:52+0500
2026-07-13T17:52+0500
дар тоҷикистон
сангпушт
фурудгоҳи байналмиллалии душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060606545_0:12:768:444_1920x0_80_0_0_3eba9295b332244aa06b12a59e63a0cb.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ҳудуди як ҳафта пеш, расонаҳои Русия аз боздошти фарде дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав хабар доданд, ки қасд дошт садҳо сангпушти қочоқшуда аз Тоҷикистонро вориди Русия кунад.Аммо, Зайнулло Шарифзода, мудири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки бар асоси иттилооте, ки дар ихтиёр доранд, боздошти ин қочоқчӣ дар Маскав дарвоқеъ дар 27 марти соли ҷорӣ сурат гирифтааст.“Ба мо иттилоъ додаанд, ки ин ҳодиса се моҳ пеш рух додааст”, - гуфт ӯ.Бар асоси гузориши расонаҳои Русия, ки ҳудуди як ҳафта пеш мунташир шуд, маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав 476 сангпушти нодирро дар ду ҷаъбаи мутааллиқ ба як шаҳрванди Русия кашф карданд. Ин ҷонварон амалан дар ҷаъбаҳо "бастабандӣ" шуда буданд ва ба сахтӣ ҳаракат мекарданд.Бар асоси иттилооти гумрук, ин шаҳрванди Русия, ки аз Тоҷикистон ворид шуда буд, ҳеҷ мадраке барои ин ҷонварон надошт ва қасд дошт онҳоро аз тариқи сукуҳои интернетӣ ба фурӯш бирасонад. Гумрук арзиши ин маҳмуларо беш аз се миллион рубл баровард кардааст.Сангпуштҳои забтшуда ба Маркази таксири гунаҳои нодири ҷонварии Боғи ҳайвоноти Маскав мунтақил шуданд. Дар иртибот ба қочоқи ҷонварони ваҳшии арзишманд, парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда, ин мард мумкин аст ба панҷ соли ҳабс маҳкум шавад.Дар ҳамин ҳол, ин хабар дар Тоҷикистон низ бозтоби густардае дошт, пеш аз ҳар чиз ба ин далел, ки ин теъдоди зиёди сангпушт чӣ гуна тавонистаанд аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ва он ҳам аз тариқи гузаргоҳи гумрукӣ бо назорати шадид интиқол дода шаванд.Мудири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки ин парванда акнун аз сӯи Прокуратураи нақлиёт ва Хадамоти гумруки кишвар дар ҳоли баррасӣ ва таҳқиқ аст.Бо ин ҳол, ин пурсиш ҳамчунон ҷолиб боқӣ мемонад, ки чӣ гуна ин хабар танҳо пас аз гузашти се моҳ ва бо чунин таъхире дар расонаҳо мунташир шудааст.Баррасиҳо нишон медиҳад, ки ҷонварони қочоқшуда аз навъи сангпушти даштии Осиёи Марказӣ, хазандаи кӯчак, гиёҳхор ва хушкизие мебошанд, ки ҳамчун ҳайвони хонагӣ низ нигаҳдорӣ мешавад.Ин навъи сангпуштҳо дар даштҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд ва дар Китоби Сурхи намудҳои дар маърази хатар ва таҳти ҳимояти Конвенсияи байналмилалии CITES қарор доранд.
https://sputnik.tj/20260515/avstraliya-peshgiri-qochoqi-afun-tojikiston-joynamoz-kurta-toqi-1077561035.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060606545_15:0:698:512_1920x0_80_0_0_40473e6d161e14cca20b713073b8d5d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сангпушт, фурудгоҳи байналмиллалии душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, сангпушт, фурудгоҳи байналмиллалии душанбе, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҷузъиёти аҷиб дар моҷарои сангпуштҳои қочоқӣ
14:52 09.07.2026 (Навсозишуда: 17:52 13.07.2026) Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷузъиёти аҷиберо дар бораи моҷарои сангпуштҳои қочоқӣ дар Маскав ироа карданд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ҳудуди як ҳафта пеш, расонаҳои Русия аз боздошти фарде дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав хабар доданд, ки қасд дошт садҳо сангпушти қочоқшуда аз Тоҷикистонро вориди Русия кунад.
Аммо, Зайнулло Шарифзода, мудири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки бар асоси иттилооте, ки дар ихтиёр доранд, боздошти ин қочоқчӣ дар Маскав дарвоқеъ дар 27 марти соли ҷорӣ сурат гирифтааст.
“Ба мо иттилоъ додаанд, ки ин ҳодиса се моҳ пеш рух додааст”, - гуфт ӯ.
Бар асоси гузориши расонаҳои Русия, ки ҳудуди як ҳафта пеш мунташир шуд, маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав 476 сангпушти нодирро дар ду ҷаъбаи мутааллиқ ба як шаҳрванди Русия кашф карданд. Ин ҷонварон амалан дар ҷаъбаҳо "бастабандӣ" шуда буданд ва ба сахтӣ ҳаракат мекарданд.
Бар асоси иттилооти гумрук, ин шаҳрванди Русия, ки аз Тоҷикистон ворид шуда буд, ҳеҷ мадраке барои ин ҷонварон надошт ва қасд дошт онҳоро аз тариқи сукуҳои интернетӣ ба фурӯш бирасонад. Гумрук арзиши ин маҳмуларо беш аз се миллион рубл баровард кардааст.
Сангпуштҳои забтшуда ба Маркази таксири гунаҳои нодири ҷонварии Боғи ҳайвоноти Маскав мунтақил шуданд. Дар иртибот ба қочоқи ҷонварони ваҳшии арзишманд, парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда, ин мард мумкин аст ба панҷ соли ҳабс маҳкум шавад.
Дар ҳамин ҳол, ин хабар дар Тоҷикистон низ бозтоби густардае дошт, пеш аз ҳар чиз ба ин далел, ки ин теъдоди зиёди сангпушт чӣ гуна тавонистаанд аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ва он ҳам аз тариқи гузаргоҳи гумрукӣ бо назорати шадид интиқол дода шаванд.
Мудири кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки ин парванда акнун аз сӯи Прокуратураи нақлиёт ва Хадамоти гумруки кишвар дар ҳоли баррасӣ ва таҳқиқ аст.
“Таҳқиқот барои шиносоии афроде, ки се моҳ пеш дар маҳалли кор ҳузур доштанд ва ҳамчунин равшан шудани дигар шароити ин парванда идома дорад”, - гуфт Зайнулло Шарифзода.
Бо ин ҳол, ин пурсиш ҳамчунон ҷолиб боқӣ мемонад, ки чӣ гуна ин хабар танҳо пас аз гузашти се моҳ ва бо чунин таъхире дар расонаҳо мунташир шудааст.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки ҷонварони қочоқшуда аз навъи сангпушти даштии Осиёи Марказӣ, хазандаи кӯчак, гиёҳхор ва хушкизие мебошанд, ки ҳамчун ҳайвони хонагӣ низ нигаҳдорӣ мешавад.
Ин навъи сангпуштҳо дар даштҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд ва дар Китоби Сурхи намудҳои дар маърази хатар ва таҳти ҳимояти Конвенсияи байналмилалии CITES қарор доранд.