https://sputnik.tj/20260515/avstraliya-peshgiri-qochoqi-afun-tojikiston-joynamoz-kurta-toqi-1077561035.html
Бояд ба Австралия мерафт: Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон дар ҷойнамоз, курта ва тоқӣ
Бояд ба Австралия мерафт: Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон дар ҷойнамоз, курта ва тоқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз пешгирии қочоқи беш аз як килограмм афюн дар минтақаи гумрукии "Панҷи Поён" хабар дод 15.05.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-05-15T15:46+0500
2026-05-15T15:46+0500
2026-05-15T15:46+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
қочоқи маводи мухаддир
гузаргоҳ
афюн
маводи мухаддир
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0f/1077560277_0:7:801:457_1920x0_80_0_0_d13729eddb5a171ee82e69c6bab9bf0b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи нашъаоварро дар минтақаи назорати гумрукии "Панҷи Поён" ошкор ва пешгирӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.Ин ниҳод қайд кардааст, ки маводи нашъаовар дар воситаи нақлиёти тамғаи "Мерседес-Актрос", ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва аз Афғонистон ба минтақаи назорати гумрукии "Панҷи Поён" ворид гардид ошкор шудааст.“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина як адад борхалтаи полиэтилении нуқрагун дарёфт шуд, ки дар он 20 адад колинча (ҷойнамоз), ду адад куртаи афғонӣ, ду адад тоқии занона ва ду адад қолин мавҷуд буданд. Диққати саги хизматии кинологӣ ба ин ашё ҷалб гардида, зимни санҷиши иловагӣ муайян карда шуд, ки дар атрофи колинчаҳо маводи қаҳваранги дорои бӯи махсус бо селофан печонида ва дӯхта шудааст”, - таъкид кардааст Хадамот.Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, маводи ошкоршуда воситаи нашъадори навъи "афюн" буда, вазни умумии он 1 килограмму 87 граммро ташкил медиҳад.Тибқи иттилоъ, маводи мазкур бояд тавассути шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуда, баъдан бо роҳи почта (карго) ба Австралия фиристода мешуд.Аз рӯи ин ҳолат нисбати як қатор шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20260203/tojikiston-qochoqi-mavodi-mukhaddir-rusiya-chin-peshgiri-1074974977.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/0f/1077560277_42:0:651:457_1920x0_80_0_0_1d80ec38016154b4109866e712b3d8c9.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, қочоқи маводи мухаддир, гузаргоҳ, афюн, маводи мухаддир, гумрук
дар тоҷикистон, афғонистон, қочоқи маводи мухаддир, гузаргоҳ, афюн, маводи мухаддир, гумрук
Бояд ба Австралия мерафт: Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон дар ҷойнамоз, курта ва тоқӣ Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз пешгирии қочоқи беш аз як килограмм афюн дар минтақаи гумрукии "Панҷи Поён" хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи нашъаоварро дар минтақаи назорати гумрукии "Панҷи Поён" ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки маводи нашъаовар дар воситаи нақлиёти тамғаи "Мерседес-Актрос", ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва аз Афғонистон ба минтақаи назорати гумрукии "Панҷи Поён" ворид гардид ошкор шудааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина як адад борхалтаи полиэтилении нуқрагун дарёфт шуд, ки дар он 20 адад колинча (ҷойнамоз), ду адад куртаи афғонӣ, ду адад тоқии занона ва ду адад қолин мавҷуд буданд. Диққати саги хизматии кинологӣ ба ин ашё ҷалб гардида, зимни санҷиши иловагӣ муайян карда шуд, ки дар атрофи колинчаҳо маводи қаҳваранги дорои бӯи махсус бо селофан печонида ва дӯхта шудааст”, - таъкид кардааст Хадамот.
© Хадамоти гумруки Тоҷикистон Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
© Хадамоти гумруки Тоҷикистон Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
© Хадамоти гумруки Тоҷикистон Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Пешгири аз қочоқи афюн ба Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, маводи ошкоршуда воситаи нашъадори навъи "афюн" буда, вазни умумии он 1 килограмму 87 граммро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилоъ, маводи мазкур бояд тавассути шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуда, баъдан бо роҳи почта (карго) ба Австралия фиристода мешуд.
Аз рӯи ин ҳолат нисбати як қатор шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.