https://sputnik.tj/20260707/kambudi-suzishvori-tojikiston-mavodi-sukht-vorid-1078843909.html
Баъди камбуди сӯзишворӣ: Тоҷикистон мехоҳад маводи сӯхтро аз дигар кишварҳо ворид кунад
Баъди камбуди сӯзишворӣ: Тоҷикистон мехоҳад маводи сӯхтро аз дигар кишварҳо ворид кунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишвориро баррасӣ кард
2026-07-07T12:41+0500
2026-07-07T12:41+0500
2026-07-07T15:30+0500
дар тоҷикистон
нафт
сӯзишворӣ
бензин
русия
тавлид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_0:162:3066:1887_1920x0_80_0_0_90bfaa44885a1c3a4ea47216d8356020.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи "Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он" баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ, назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш баррасӣ шуданд.Инчунин дар ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ баррасӣ гардид.Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта аст, ки дар Русия дар таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкилиҳо ба назар мерасад. Барои Тоҷикистон низ ин вазъият душвор хоҳад буд, зеро қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро ҷумҳурӣ аз Русия ворид мекунад.Оқибатҳои он аллакай эҳсос шуда, тайи ҳафтаи ахир нархи бензин ва сӯзишвори дизелӣ дар ҷумҳурӣ аз 0,4 то 2,3 сомонӣ боло рафт.Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2025 ҷумҳурӣ дар доираи тавозуни индикативӣ аз Русия беш аз 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ гирифт, ки 180 ҳазор тонна ё худ 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.Дар Вазорати энергетика зикр карда буданд, ки интиқол аз Русия зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистонро ташкил дод.Истеҳсоли сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз зиёд нест . Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 2109 тонна бензин, 3111 тонна сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 4587 тонна мазут, ҳудуди 2587 тонна битум ва 30 тонна кокси нафтӣ истеҳсол шудааст. Истихроҷи нафт 18 546 тоннаро ташкил додааст.Дар ин авохир нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон ба маблағи аз 40 дирам то 2 сомониву 30 дирам боло рафтааст.Дар Душанбе 1 литр бензини нави АИ-92 11 сомониву 30 дирам нарх дошт. Як ҳафта пеш нархи он ба 10 сомониву 90 дирам, се ҳафта пеш – 10 сомониву 40 дирам баробар буд.Тайи як ҳафта 1 литр сӯзишвории дизелӣ аз 11 сомонӣ то 13 сомониву 30 дирам гарон шуд.Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир талош дорад истеҳсоли сӯхтро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Барои мисол Тоҷикистон дар Данғара бузургтарин корхонаи полоиши нафт бунёд кард ва ҳоло барои таъмини он ба нафти хом бо Эрон ва Узбекистон ва Қазоқистон гуфтугӯ дорад.
https://sputnik.tj/20260608/tojikiston-istehsol-suzishvori-dizel-ziyod-benzin-kam-1078146664.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57042
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9a12a447ff3ce890d393d01023095eec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, бензин, русия, тавлид
дар тоҷикистон, нафт, сӯзишворӣ, бензин, русия, тавлид
Баъди камбуди сӯзишворӣ: Тоҷикистон мехоҳад маводи сӯхтро аз дигар кишварҳо ворид кунад
12:41 07.07.2026 (Навсозишуда: 15:30 07.07.2026) Мақомоти Тоҷикистон масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишвориро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи "Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он" баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ, назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш баррасӣ шуданд.
Инчунин дар ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта аст, ки дар Русия дар таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкилиҳо ба назар мерасад. Барои Тоҷикистон низ ин вазъият душвор хоҳад буд, зеро қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро ҷумҳурӣ аз Русия ворид мекунад.
Оқибатҳои он аллакай эҳсос шуда, тайи ҳафтаи ахир нархи бензин ва сӯзишвори дизелӣ дар ҷумҳурӣ аз 0,4 то 2,3 сомонӣ боло рафт.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2025 ҷумҳурӣ дар доираи тавозуни индикативӣ аз Русия беш аз 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ гирифт, ки 180 ҳазор тонна ё худ 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст.
Дар Вазорати энергетика зикр карда буданд, ки интиқол аз Русия зиёда аз 70% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистонро ташкил дод.
Истеҳсоли сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз зиёд нест . Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 2109 тонна бензин, 3111 тонна сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 4587 тонна мазут, ҳудуди 2587 тонна битум ва 30 тонна кокси нафтӣ истеҳсол шудааст. Истихроҷи нафт 18 546 тоннаро ташкил додааст.
Дар ин авохир нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон ба маблағи аз 40 дирам то 2 сомониву 30 дирам боло рафтааст.
Дар Душанбе 1 литр бензини нави АИ-92 11 сомониву 30 дирам нарх дошт. Як ҳафта пеш нархи он ба 10 сомониву 90 дирам, се ҳафта пеш – 10 сомониву 40 дирам баробар буд.
Тайи як ҳафта 1 литр сӯзишвории дизелӣ аз 11 сомонӣ то 13 сомониву 30 дирам гарон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир талош дорад истеҳсоли сӯхтро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Барои мисол Тоҷикистон дар Данғара бузургтарин корхонаи полоиши нафт бунёд кард ва ҳоло барои таъмини он ба нафти хом бо Эрон ва Узбекистон ва Қазоқистон гуфтугӯ дорад.