Табодули моли байни ИИАО ва Перу ба 679,2 миллион доллар расид

© Sputnik / POOL / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкЗаседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина
Заседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Обуна шудан
Муносибатҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Перу дар соли 2025 қариб 14% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бокитҷон Сагинтаев бо сафири Перу дар Русия Мануэл Аугусто де Коссио Клювер дидору гуфтугӯ кард.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки то охири соли 2025 гардиши тиҷорати хориҷии ИИАО бо Перу ба 679,2 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2024 13,7% бештар мебошад.
Сагинтаев дар ин дидор аз ҷониби Перу барои мусоидат ба рушди муколама байни Иттиҳодияи иқтисодии Аврупо ва Ҷомеаи Анд изҳори сипос кард.
"Чунин форматҳои бисёрҷониба ҳамчун ба густариши робитаҳои иқтисодӣ дар тиҷорат байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва минтақаи Амрикои Лотинӣ мусоидат мекунанд. Мо умедворем, ки Перу минбаъд низ нақши фаъолро ҳамчун пул байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҷомеаи Анд бозад", - хулоса кард Бакитҷон Сагинтаев.
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2026
Қазоқистон омода аст, бо кишварҳои ИИАО саноати насли ояндаро рушд диҳад
Онҳо инчунин натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкори ИИАО ва Перуро дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки соли 2015 имзо шуда буд, баррасӣ карданд.
"Бо татбиқи Ёддошт, мо таҷрибаи назарраси ҳамкории амалӣ ҷамъ овардем. Ҷаласаҳои муштараки гурӯҳҳои корӣ соли 2016 дар Лима ва соли 2019 дар Маскав бо иштироки намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои мо баргузор шуданд", - қайд кард Сагинтаев.
Лентаи хабарҳо
0