"Ҷарима карданд ва ба боғи ҳайвонот супурданд" – моҷарои "Шоми Хуҷанд"

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКонтроль качества мяса. Архивное фото
Контроль качества мяса. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Обуна шудан
Кумитаи амнияти ғизоии вобаста ба давлати Тоҷикистон, дар бораи парвандаи кабобхонаи "Шоми Хуҷанд" тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Пеш аз ин, мақомот даҳҳо килограмм гӯшти бекайфият ва муғойир бо меъёрҳои беҳдоштиро кашф карда буданд.
Муҳаммадсаид Файзуллоҳзода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки дар ҷараёни баррасии ин парванда кормандони идораи Кумита дар шаҳри Душанбе мустақиман дар бозрасиҳо ширкат намуда, миқдори қобили таваҷҷуҳе аз гӯшти ғайристандартиро кашф карданд.
"Ин маҳсулот ба таври комил бо меъёрҳои лозим мутобиқат надошт ва озмоишҳо нишон доданд, ки барои масраф муносиб нест. Ин маҳсулот мусодира ва пас аз анҷоми коркарди фаннӣ, ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда шуд", - гуфт ӯ.
Пештар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эълом карда буд, ки дар кабобхонаи "Шоми Хуҷанд", воқеъ дар кӯчаи Яккачинор, 334 килограмм маҳсулоти гӯштии бекайфият ва муғойир бо талаботи беҳдоштӣ кашф шудааст.
Дар пайи ин воқеа, Хуршед Ёрматов, соҳиби кабобхонаи "Шоми Хуҷанд", бар асоси моддаи 274 Қонуни ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Производство мясной продукции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2026
Арзон мешавад? Истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон аз аввали сол 13,4% афзоиш ёфт
Бар асоси ин модда, барои афроди воқеӣ ҷарима ба андозаи се то панҷ ва барои ашхоси масъул даҳ то бист нишондиҳандаи ҳисоб пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулон, соҳиби кабобхонаи "Шоми Хуҷанд" ба пардохти 20 нишондиҳандаи ҳисоб (ҳар нишондиҳанда 76 сомонӣ) ҷарима шудааст.
Бар асоси иттилои Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, тайи шаш моҳи гузашта дар маҷмӯъ 44,2 ҳазор тон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар саросари кишвар аз фурӯш манъ гардида, ҳамчун маҳсулоти бекайфият ва хатарнок нобуд карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0