https://sputnik.tj/20260629/arzon-meshavad-istehsoli-gusht-tojikiston-afzoish-1078669111.html
Арзон мешавад? Истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон аз аввали сол 13,4% афзоиш ёфт
Арзон мешавад? Истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон аз аввали сол 13,4% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли гӯшти гову гусфанд ва мурғ хабар дода
2026-06-29T15:51+0500
2026-06-29T15:51+0500
2026-06-29T15:51+0500
дар тоҷикистон
гӯшт
истеҳсол
омор
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052793185_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_326e073ba8b1362a8152037c925ff116.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то майи соли 2026 дар Тоҷикистон афзоиши назарраси истеҳсоли гӯшти гов ва чорвои хурд ба қайд гирифта шудааст.Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 85,822 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4% афзоиш ёфтааст.Афзоиши истеҳсолот аз щама бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин вилоят истеҳсолот 22,3% афзоиш ёфтааст.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондод 14,3%, дар вилояти Хатлон 8,5% ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,9% афзоиш ёфтааст.Истеҳсоли гӯшти парранда низ афзоиш ёфта, аз моҳи январ то май ба 17,922 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4% афзоиш ёфтааст.Вилояти Суғд 9546 тонна гӯшти парранда (афзоиш 18,4%), НТҶ 4552 тонна (афзоиш 1,4%), вилояти Хатлон 3799 тонна (афзоиш 12,6%) ва ВМКБ 25 тонна (афзоиш 4,3%) истеҳсол кардааст.То 1 июни соли 2026 саршумори чорвои калон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 3 миллион сар расид, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% афзоиш ёфтааст. Саршумори гӯсфану бузҳо 8,2 миллион сарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 11,6% афзоишро нишон медиҳад.Қисми зиёди чорво дар хоҷагиҳои шахсӣ мутамарказ боқӣ мемонад: онҳо 94,2% чорвои калон ва 81,8% гӯсфанду бузҳоро ташкил медиҳанд.Афзоиши саршумори чорво дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мушоҳида шудааст: дар вилояти Суғд 11,4%, дар вилояти Хатлон 8,9%, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,4% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,6%.Дар ҳоли ҳозир, арзиши як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон аз 65 то 100 сомонӣ фурӯхта мешавад.
https://sputnik.tj/20260528/tojikiston-istehsoli-gusht-ziyod-narkh-1077881307.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052793185_42:0:2773:2048_1920x0_80_0_0_5773c17e394573c57c04b4c34adb6e7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гӯшт, истеҳсол, омор, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, гӯшт, истеҳсол, омор, кишоварзӣ
Арзон мешавад? Истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон аз аввали сол 13,4% афзоиш ёфт
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли гӯшти гову гусфанд ва мурғ хабар дода
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то майи соли 2026 дар Тоҷикистон афзоиши назарраси истеҳсоли гӯшти гов ва чорвои хурд ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 85,822 тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4% афзоиш ёфтааст.
Афзоиши истеҳсолот аз щама бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин вилоят истеҳсолот 22,3% афзоиш ёфтааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондод 14,3%, дар вилояти Хатлон 8,5% ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,9% афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли гӯшти парранда низ афзоиш ёфта, аз моҳи январ то май ба 17,922 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4% афзоиш ёфтааст.
Вилояти Суғд 9546 тонна гӯшти парранда (афзоиш 18,4%), НТҶ 4552 тонна (афзоиш 1,4%), вилояти Хатлон 3799 тонна (афзоиш 12,6%) ва ВМКБ 25 тонна (афзоиш 4,3%) истеҳсол кардааст.
То 1 июни соли 2026 саршумори чорвои калон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 3 миллион сар расид, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% афзоиш ёфтааст. Саршумори гӯсфану бузҳо 8,2 миллион сарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 11,6% афзоишро нишон медиҳад.
Қисми зиёди чорво дар хоҷагиҳои шахсӣ мутамарказ боқӣ мемонад: онҳо 94,2% чорвои калон ва 81,8% гӯсфанду бузҳоро ташкил медиҳанд.
Афзоиши саршумори чорво дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мушоҳида шудааст: дар вилояти Суғд 11,4%, дар вилояти Хатлон 8,9%, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5,4% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8,6%.
Дар ҳоли ҳозир, арзиши як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон аз 65 то 100 сомонӣ фурӯхта мешавад.