Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский пас аз ҳамла ба Киев девонавор падофанди ҳавоӣ талаб дорад

© REUTERS /Denis BalibouseВладимир Зеленский выступает во время видеоконференции с главным редактором агентства Reuters Алессандрой Галлони на саммите G7 в Эвиан-ле-Бен, Франция, 16 июня 2026 года.
Владимир Зеленский выступает во время видеоконференции с главным редактором агентства Reuters Алессандрой Галлони на саммите G7 в Эвиан-ле-Бен, Франция, 16 июня 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2026
Обуна шудан
Раҳбари режеими Киев Зеленский пас аз ҳамлаиартиши Русия ба шаҳри Киев Аврупоро ба беаҳмиятӣ айбдор кард
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо рӯзномаи Financial Times пас аз ҳамлаи ҷавобии Русия ба Киев талаб кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бояд технологияи истеҳсоли мушакро бо Украина мубодила кунанд.
"Аврупо бояд аз беэътиноӣ дар ин масъала [дар мавриди рушди системаҳои падофанди ҳавоӣ] даст кашад. Он бояд технология ва имконоти саноатиро бо дигар кишварҳо мубодила кунад, зеро Patriot ҳеҷ гоҳ барои ҳама кофӣ нахоҳад буд", - гуфт ӯ.
Раҳбари режими Киев илова кард, ки дар нишасти НАТО дар Анкара аз аврупоиҳо системаҳои падофанди ҳавоии бештарро талаб мекунад.
Дирӯз вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига дар платформаи иҷтимоии X изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бояд ҳамаи мушакҳоро барои системаҳои падофанди ҳавоии Patriot ба Киев интиқол диҳанд.
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: НАТО барои ҷанг бо Русия омодагӣ мебинад
Шаби душанбе Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба шаш корхона ва як анбор дар Киев ҳамлаи ҷавобӣ анҷом доданд. Артиш инчунин ба фурудгоҳҳои низомӣ дар минтақаҳои Днепропетровск, Полтава, Черкасӣ, Чернигов ва Киев зарба зад. Шаҳрдори Киев Виталий Кличко ин ҳамларо аз ҳама бузург номид. Владимир Зеленский эътироф кард, ки мудофиаи ҳавоии Украина натавонист ҳамлаи мушакии баллистикии Русияро боздорад.
Лентаи хабарҳо
0