Мақомот гуфт, чаро Бахтиёр Раҳимов унвони давлатӣ надошт

© telegram SputnikTj▪Скончался актер и юморист Бахтиёр Рахимов
▪Скончался актер и юморист Бахтиёр Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2026
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги кишвар гуфт чаро Бахтиёр Раҳимов дар зинда буданаш унвони давлатӣ надоданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта тоҷик аз гурӯҳи "Ғарибшо", ҳеч гоҳ барои гирифтани унвони давлатӣ муроҷиат накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта рӯзи 30-юми июн даргузашт.
Вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён, дар ин нишасти матбуотӣ қайд кард, ки Бахтиёр Раҳимов се дафъа унвони Аълочии фарҳангро гирифта буд, аммо барои дарёфти унвони давлатӣ ҳеҷ гоҳ муроҷиат накарда буд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки як сол пеш онҳо аз Бахтиёр Раҳимов хоста буданд, ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани унвони давлатӣ пешниҳод намояд, аммо ӯ ин киорро накард.
Намояндагони вазорат таъкид карданд, ки ин кор бо сабаби бемории Бахтиёр Раҳимов сурат нагирифт.
Як сабаби дигари унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимов, ба гуфтаи намояндагони Вазорати фарҳанг, ин будааст, ки ҳаҷвнигор дар ягон идораи тобеи вазорат кор намекард.
Бахтиёр Рахимов.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2026
“Ғарибшо” даргузашт: Ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов дар зодгоҳаш ба хок супорида мешавад
Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, номи ҳунармандон барои гирифтани унвонҳои давлатӣ аз сӯи муассисаҳои фарҳангӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мешавад.
Вазири фарҳанг ҳам таъкид кард, ки онҳо ҳамеша тибқи қонунгузорӣ омодаанд, то номзадии ҳунармандони сазоворро барои қадрдонӣ баррасӣ кунанд, аммо ин раванд бояд дар доираи тартиботи муқарраршудаи ҳуҷҷатгузорӣ сурат гирад.

Бахтиёр Раҳимов, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи ҳунарии "Ғарибшо Компания" буд, ки рӯзи 30-юми июн дар синни 57-солагӣ даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0