Дар Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ зиёду бензин кам шудааст

© Foto / engin akyurt / UnsplashЗаправка автомобиля. Иллюстративное фото
Заправка автомобиля. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Обуна шудан
Дар умум ҳаҳми истеҳсоли маҳсулоти нафтӯ – 42,6% кам шуд, ки ин аз ҳисоби камшавии истеҳсоли бензин – 94% ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ зиёду бензин бошад, коҳиш ёфтааст.
Корхонаҳои кишвар дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ беш аз 1273,4 тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол кардаанд.
Ба гузориши Оҷонсии омор, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313 тонна бештар аст.
Дар ҳамин ҳол истеҳсоли бензин дар кишвар якбора коҳиш ёфтааст.
Тибқи додаҳо, Тоҷикистон дар чормоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 270 тон бензин истеҳсол кардааст.
Ин дар муқоиса бо январ - апрели соли гузашта 94% кам мебошад.
Истеҳсоли мазут низ дар ҷумҳурӣ ин муддат коҳиш ёфта ба 774,8 тонна расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар январ - апрели соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли он ба 1048,4 тонна расида буд.
Дар умум ҳаҳми истеҳсоли маҳсулоти нафтӯ – 42,6% кам шуд, ки ин аз ҳисоби камшавии истеҳсоли бензин – 94% ба вуҷуд омадааст.
Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джума встретился с Рустамом Миннихановым . - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Аз сармоя то нафту газ: Тотористону Тоҷикистон ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи форуми "Энергопром-2026" хабар дод, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои энергетикии худро бо Русия тақвият хоҳад дод ва ба кашфи минбаъдаи конҳои нафту газ ва истихроҷи онҳо манфиатдор аст.
Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ширкатҳои русиро барои иштирок дар рушди 22 кони умедбахши нафту газ ва лоиҳаҳои коркарди нафт даъват кардааст.
Кишварҳо имсол дар бораи лоиҳаҳои муштараки нафту газ қарор қабул мекунанд ва корҳо оид ба татбиқи онҳо метавонанд соли 2026 оғоз шаванд.
Вай қайд кард, ки кишвар аксари маҳсулоти нафту гази худро аз Русия ворид мекунад. Кашфи конҳои нави нафту газ дар Тоҷикистон ба кишвар имкон медиҳад, ки содироти нафту газро ба самти ҷануб оғоз кунад.
Тоҷикистон тақрибан 28 кони бақайдгирифташудаи нафт дорад, ки захираҳои тасдиқшудаи онҳо аз 2 миллион тонна зиёд мебошанд. Дар кишвар 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0