Аввалин наздик ба се ҳазор зиндонии афвшуда аз маҳбасхонаҳо озод шуданд

© SputnikАвфи зиндониён дар вилояти Суғд
Авфи зиндониён дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Беш аз 2970 ҳазор нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф" ба озодӣ баромаданд.
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ беш аз 2970 зиндонии авфшуда аз зиндонҳои Норак, Бохтар, Ёвон ва Дӯстӣ раҳо ёфтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки озодшудагон аз зиндонҳои шаҳри Норак, Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва Дӯстӣ мебошанд. Аз шумораи озодшудагон 297 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад.
Ин аввалин раҳоии дастаҷамъии зиндониён аз зидонҳо пас аз қабули қонуни афв аст.
Ба иттилои расонаҳои маҳалӣ рӯзи душанбе танҳо аз зиндони низомаш умумии рақами 3 дар ноҳияи Ёвон 1148 нафар раҳо шуд.
Аз зиндони Норак, ки дар он маҳбусони занон нигоҳ дошта мешаванд, 297 кас ба озодӣ баромаданд.
Ҳамчунин аз зиндони шаҳри Бохтар бошад, 70 зиндонӣ ба озодӣ баромадаанд.
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Беш аз 18 ҳазор нафар афв мешаванд: Раҳмон қонунро имзо кард
Қонуни авф ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11 ҳазору 305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.
Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0