ВКД гуфт, ноуҳдабароии ронанда сабаби садамаи пурқурбонӣ дар Фархор шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Дар натиҷа ҳодиса ронандагони автомашинаҳо ва 4 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман садамаи пурқурбонӣ дар Фархорро шарҳ дод.

Ҳодиса шоми 4-уми июл сар зада, ҷони шаш танро гирифт.

Ба гузориши ВКД сабаб ноуҳдабароии ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Сервис” Муҳаммад Идрисзодаи 19-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳия мазкур аст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми ҳаркат аз самти ноҳияи Восеъ ба Фархор дар ҳудуди деҳаи Бобосафоли ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба худрави тамғаи “Тайота-Карола”-и Турсунов Ойятуллоҳи 34-сола бармехурад.

Дар натиҷа ронандагони автомашинаҳо ва 4 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.
Таве дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, фавтидагон аз 18 то 45 сол дошта чаҳор танашон зан будаанд.
Автомобильная авария. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Фоҷиа: Дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе - Хоруғ 11 тан ҷон бохт
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин садамаи пурқурбонӣ дар Тоҷикистон давоми як ҳафтаи гузашта аст.
Санаи 2-юми июл низ сонеҳае дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷони 11 касро гирифт.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрд.
Лентаи хабарҳо
0