https://sputnik.tj/20260702/fojia-sadama-mudhish-rohi-dushanbe-khorugh-jon-bokht-1078742993.html
Фоҷиа: Дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе - Хоруғ 11 тан ҷон бохт
Фоҷиа: Дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе - Хоруғ 11 тан ҷон бохт
Sputnik Тоҷикистон
Дар тасодуфи роҳ, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат рух дод, 11 кас ҷон бохтааст
2026-07-02T15:43+0500
2026-07-02T15:43+0500
2026-07-02T15:43+0500
дар тоҷикистон
садама
садамаи нақлиётӣ
ваҳдат
кӯлоб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/02/1078743787_0:94:3072:1822_1920x0_80_0_0_8d875e26e63a9269a8478313f72e7129.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, аз садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Элок хабар дод.Ба иттилои ВКД, ронандаи мошини боркаши “Дулан”, бо сабаби аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт ё тормоз ба ду мошини сабукрав “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо” бархӯрдааст.Дар натиҷа 11 нафар, ронандагони “Дулан” ва “Тойота” ва нуҳ мусофир, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.“Дар натиҷа ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” Абдуллоев Фирдавс, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” Палавонов Оқил ва 9 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёти “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо”, ки шахсияташон муайян карда мешванд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - қайд кардааст ВКД.Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ, сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, додситони шаҳри Ваҳдат ва мансабдорони дигар дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.Ҷузъиёти ҳодиса муайян ва сабабҳояш таҳқиқ мешавад.Ёдовар мешавем, ки соли 2023 як мошини боркаш дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марги даҳ кас ва ҷароҳат бардоштани ёздаҳ тани дигар шуда буд.Дар он садама ҳам системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт ё тормози мошини боркаш аз кор баромада буд, ки сабаби садамаи мудҳиш шуда буд.Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 наздик ба 1400 тасодуфи роҳ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохтаву беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.
https://sputnik.tj/20260630/jasad-alisher-mirzonabot-shamsiddini-shohin-1078686763.html
ваҳдат
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/02/1078743787_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_4bc64825dbe32e355943cb82bed4f147.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, садама, садамаи нақлиётӣ, ваҳдат, кӯлоб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, садама, садамаи нақлиётӣ, ваҳдат, кӯлоб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Фоҷиа: Дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе - Хоруғ 11 тан ҷон бохт
Дар тасодуфи роҳ, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат рух дод, 11 кас ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, аз садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Элок хабар дод.
Ба иттилои ВКД, ронандаи мошини боркаши “Дулан”, бо сабаби аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт ё тормоз ба ду мошини сабукрав “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо” бархӯрдааст.
Дар натиҷа 11 нафар, ронандагони “Дулан” ва “Тойота” ва нуҳ мусофир, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
“Дар натиҷа ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” Абдуллоев Фирдавс, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” Палавонов Оқил ва 9 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёти “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо”, ки шахсияташон муайян карда мешванд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - қайд кардааст ВКД.
Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ, сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, додситони шаҳри Ваҳдат ва мансабдорони дигар дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Ҷузъиёти ҳодиса муайян ва сабабҳояш таҳқиқ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 як мошини боркаш дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марги даҳ кас ва ҷароҳат бардоштани ёздаҳ тани дигар шуда буд.
Дар он садама ҳам системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт ё тормози мошини боркаш аз кор баромада буд, ки сабаби садамаи мудҳиш шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 наздик ба 1400 тасодуфи роҳ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохтаву беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.