Тоҷикистониён забондонтар мешаванд: Мақомот шабакаи телевизионии забономӯзӣ боз мекунад

© Depositphotos.com \ RasulovSТелевизионный пульт на фоне экрана
Телевизионный пульт на фоне экрана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки телевизиони махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон телевизиони махсусе таъсис дода мешавад, ки фаъолияти он пурра ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона хоҳад шуд.
Дар ин бора имрӯз, 6 июл, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Носир Саидзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, таъсиси ин шабакаи телевизионӣ дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон, ки соли 2024 ироа гардида буд, амалӣ мешавад.
“Ҳадафи асосии телевизиони нав фароҳам овардани имконияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои аҳолӣ тавассути барномаҳои гуногуни таълимӣ мебошад”, - гуфт раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Нигаронии мақомот аз фаъолияти блогерони тоҷик: аксарият меъёри забонро риоя намекунанд
Носир Саидзода таъкид кард, ки пахши барномаҳои телевизионӣ пурра ба омӯзиши забонҳо бахшида шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи забондонии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикстон дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ҷумҳурӣ15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0