Нигаронии мақомот аз фаъолияти блогерони тоҷик: аксарият меъёри забонро риоя намекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка снимает видео на смартфон
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ба қавонини кишвар барои танзими фаъолияти блогерони тоҷик тағйирот ворид карда шавад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки ба қонун "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" ва кодекси нав дар бораи ВАО як банди ҷадид барои танзими фаъолияти блогерон ворид карда шавад.
Дар ин бора масъулини вазорати фарҳанг дар нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи масъулини вазорат аксарияти блогерони тоҷик аз касбият дуранд ва бештари онҳо меъёри забонро риоя намекунанд.
Намояндаи вазорат қайд кард, ки агар ин пешниҳодҳои вазорат ҷорӣ шаванд, аксари ин гуна блогерҳо аз фаъолияти худ даст хоҳанд кашид.
Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки ҳоло мутахассисони ин вазорат дар ин самт бисёр эҳтиёткорона кор доранд.
Масъулини вазорат қайд карданд, ки қаблан васоити ахбори омма, ин газета телевизион буд, аммо имрӯз интернет ҷойи онро иваз кардааст.
Ба гуфтаи онҳо дастраси ба интернет имкон дод, ки ҳамингуна зуҳуротҳо (блогерӣ) пайдо шаванд.
“Имрӯз кифоя аст, агар телефон дошта бошӣ, метавони блогер шавед. Вале ин шартҳои худро дорад. Блогер бояд контенти худоро дошта бошад. Имрӯз аксарияти нафароне, ки мо имрӯз блогер меномем барои худмуаррифиашон кор мебаранд. Ҳар касе, ки чӣ ҳунаре дорад, ҳамон аст. Касе ҳақорат метонад ҳақорат мекунад, касе чеҳраша муаррифӣ мекунад. Теъдоди онҳо зиёданд”, - гуфт масъули вазорати фарҳанг.
Дар ҳамин ҳол муовини вазири фарҳанг Сафарзода Шариф дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки бархе блогероне, ки тоза ба саҳнаи блогерӣ қадам мегқзоранд аз доираи одоби муошират берун мешаванд.
Девушка работает на ноутбуке в кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
Вай гуфт, ассосиатсияи блогерони тоҷик ҳам аз бадахлоқии бархе блогерон нигарон аст ва онҳо ба вазорат дар ин бора муроҷиат ҳам кардаанд.
Вай илова кард, ки танзими блогерон як кори дастаҷаъона аст.
“Пеши роҳи чунин бесарусомонӣ дар олами журналистика кори як мақомот нест. Кори аҳли фарҳанг ва аҳли зиё аст. Ҳамчунин кори ниҳодҳо ва ташкилотҳои гуногун аст. Барои мисол як шаҳрванд ҳозир метавонад, ба як ҷумлаи бисёр номаҳрамона ишора кунад. Ин чизҳо дур аз ахлоқу журналистика аст. Ин чизҳо таҳти назорат ҳастанд”, - қайд кард муовини вазир.
Сафарзода илова кард, ки дар ҳоли ҳозир намояндагони ассосиатсия блогерони тоҷик аз минбарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин блогерорн муроҷиат мекунанд, ки фарҳанги миллии мо дигар аст.
“Одоби муоширатро дар саволу ҷавоб, дар таҳияи гузоришҳо, дар таҳияи сюжетҳо бояд риоя кард”, қайд кард Сафарзода Шариф.
Вай афзуд, ки вазифаи муқаддаси аҳли зиё, фарҳанг ва дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он аст, ки дар тарбияи насле, ки имрӯз ба саҳнаи блогерӣ қадам гузоштаанд, саҳмгузор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0