https://sputnik.tj/20260706/tojikiston-istehsoli-ordro-ziyod-kard-1078826161.html
Тоҷикистон истеҳсоли ордро зиёд кард
Тоҷикистон истеҳсоли ордро зиёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 беш аз 31 фоиз афзоиш ёфт
2026-07-06T14:12+0500
2026-07-06T14:12+0500
2026-07-06T14:12+0500
орд
истеҳсол
саноат
воридот
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b54d788fa0e199bb99e9f5ee75c01f86.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар моҳҳои январ–майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли орд ба 338 ҳазору 774,8 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,5 фоиз зиёд мебошад.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст.Ба иттилои Агенть ин нишондиҳанда аз рушди устувори истеҳсолот дар соҳаи коркарди маҳсулоти ғалладона шаҳодат медиҳад.Ин ниҳод қайд кардааст, ки афзоиши истеҳсоли орд дар дохили кишвар яке аз омилҳои муҳими таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Зикр шудааст, ки саноати ордбарорӣ ҳамчун бахши муҳими саноати хӯрокворӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ нақши калидӣ дорад.“Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо ин маҳсулоти стратегӣ беҳтар таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ боз ҳам тақвият ёбад”, - қайд кардааст Агентии омор.Ҳамзамон ба иттилои ин ниҳод дар зарфи панҷ моҳ Тоҷикистон беш аз 27 ҳазор тонна орд ворид кардааст.Ҷумҳурӣ ин миқдор ордро ба маблағи зиёда аз 8,4 млн доллар ворид кардааст.Ба гузориши Оҷонсии омор афзоиш ҳамагӣ 0,2%-ро ташкил додааст.Дар ҳамитн ҳол, бино бар маълумоти расмӣ ба Тоҷикистон дар панҷ моҳ 535 ҳазор тон гандум ба маблағи 137 млн доллар ворид шудааст.Ин дар муқоиса бо панҷмоҳаи соли гузашта аз рӯи вазн 6% ва аз рӯзи нарх 17% зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20260624/oghozi-ghanigardonii-ordi-gandum-dar-tojikiston-1078545745.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039138197_184:0:2851:2000_1920x0_80_0_0_802f0f09cfaaaa51e534f63e8d0e26c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
орд, истеҳсол, саноат, воридот, омор
орд, истеҳсол, саноат, воридот, омор
Тоҷикистон истеҳсоли ордро зиёд кард
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2026 беш аз 31 фоиз афзоиш ёфт.
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар моҳҳои январ–майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли орд ба 338 ҳазору 774,8 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст.
Ба иттилои Агенть ин нишондиҳанда аз рушди устувори истеҳсолот дар соҳаи коркарди маҳсулоти ғалладона шаҳодат медиҳад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки афзоиши истеҳсоли орд дар дохили кишвар яке аз омилҳои муҳими таҳкими амнияти озуқавории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зикр шудааст, ки саноати ордбарорӣ ҳамчун бахши муҳими саноати хӯрокворӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷаи озуқаворӣ нақши калидӣ дорад.
“Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо ин маҳсулоти стратегӣ беҳтар таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ боз ҳам тақвият ёбад”, - қайд кардааст Агентии омор.
Ҳамзамон ба иттилои ин ниҳод дар зарфи панҷ моҳ Тоҷикистон беш аз 27 ҳазор тонна орд ворид кардааст.
Ҷумҳурӣ ин миқдор ордро ба маблағи зиёда аз 8,4 млн доллар ворид кардааст.
Ба гузориши Оҷонсии омор афзоиш ҳамагӣ 0,2%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамитн ҳол, бино бар маълумоти расмӣ ба Тоҷикистон дар панҷ моҳ 535 ҳазор тон гандум ба маблағи 137 млн доллар ворид шудааст.
Ин дар муқоиса бо панҷмоҳаи соли гузашта аз рӯи вазн 6% ва аз рӯзи нарх 17% зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.