Амният комил мешавад: Тоҷикистон марзҳояшро бо Қирғизистон симхорпеч кард

© telegram Sputnik_TajikistanДар Суғд муайян ва таҳияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид
Дар Суғд муайян ва таҳияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба муносибати анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар шахсони масъулу сокинон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш таъкид карда шуд, ки талошҳои пайвастаи комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар, масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ, ки тӯли даҳсолаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт, пурра ҳалли худро пайдо намуд.
© telegram Sputnik_Tajikistan
Дар Суғд муайян ва таҳияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид - Sputnik Тоҷикистон
1/3
© telegram Sputnik_Tajikistan
Дар Суғд муайян ва таҳияи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид - Sputnik Тоҷикистон
2/3
© telegram SputnikTj
В Согде завершили определение и обустройство границы Таджикистана с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон
3/3
1/3
2/3
3/3
Қайд гардид, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ пурра муайян гардида, дар ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Суғд беш аз 300 километр сарҳад бо насби аломатҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Раиси вилояти Суғд пурра муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд ҳамчун дастоварди муҳими таърихӣ арзёбӣ намуд.
Подписание документа о границе между главой ГКНБ Таджикистан Саймумин Ятимов и главой ГКНБ Кыргызстан Камчибек Ташиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2025
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
“Барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад заминаи устувор фароҳам овард”, - қайд кард раиси вилояти Суғд.
Қайд карда шуд, ки таҳкими марз барои таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъуле, ки дар корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ, ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0