https://sputnik.tj/20250221/imzoi-sozishnoma-tarikhi-marz-miyoni-tojikiston-qirghiziston-1066324069.html
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷҷати делимитатсияи марзи Қирғизистону Тоҷикистонро раҳбарони КДАМ-и ду кишвар Қамчибек Ташиев ва Саймумин Ятимов дар Бишкек имзо карданд
2025-02-21T23:51+0500
2025-02-21T23:51+0500
2025-02-22T00:14+0500
қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
санад
имзо
қамчибек тошиев
саймумин ятимов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066323904_48:96:773:504_1920x0_80_0_0_e451d6c995a6dc3e1cd90d25baead317.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.“Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузориши роҳбарони гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро шунида, натиҷаи корҳои анҷомдода оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ намуданд”,.Ҷонибҳо лоиҳаҳои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар, Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифода намудани чорроҳаи роҳҳои автомобилгард ва Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти хоҷагии об ва энергетикиро имзо гузоштанд.Ҳамчунин тарафҳо супориш доданд, ки барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои мувофиқа намудан дар чорчуби Шартномаҳои байналмилалии дуҷонибаи дахлдор оғоз намоянд.Қайд карда шуд, ки пас аз анҷоми ҷаласаи муштарак протоколи дахлдор ба имзо расид.Сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, то кунун садҳо километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст.Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ба он сарҳадбонони ду кишвар ҷалб мешаванд.Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи муаянкунӣ ва аломатгузории марзро баррасӣ карданд.Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар қаламрави ҳар ду ҷумхурӣ баргузор мегарданд.Айни замон хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян шудааст ва қарор аст Созишномаи ниҳоӣ дар ояндаи наздик миёни ду кишвар ба имзо расад.
https://sputnik.tj/20250108/muloqot-sarvaziron-tojikiston-qirghiziston-uzbekiston-marz-1065792363.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066323904_113:46:721:502_1920x0_80_0_0_423599378cc45e245f2f20d462ff5746.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, созишнома, имзо, марз, қирғизистон, кдам, ташиев, ятимов
тоҷикистон, созишнома, имзо, марз, қирғизистон, кдам, ташиев, ятимов
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
23:51 21.02.2025 (Навсозишуда: 00:14 22.02.2025) Ҳуҷҷати делимитатсияи марзи Қирғизистону Тоҷикистонро раҳбарони КДАМ-и ду кишвар Қамчибек Ташиев ва Саймумин Ятимов дар Бишкек имзо карданд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузориши роҳбарони гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро шунида, натиҷаи корҳои анҷомдода оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ намуданд”,.
Ҷонибҳо лоиҳаҳои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар, Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифода намудани чорроҳаи роҳҳои автомобилгард ва Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти хоҷагии об ва энергетикиро имзо гузоштанд.
Ҳамчунин тарафҳо супориш доданд, ки барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои мувофиқа намудан дар чорчуби Шартномаҳои байналмилалии дуҷонибаи дахлдор оғоз намоянд.
Қайд карда шуд, ки пас аз анҷоми ҷаласаи муштарак протоколи дахлдор ба имзо расид.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, то кунун садҳо километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ба он сарҳадбонони ду кишвар ҷалб мешаванд.
Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи муаянкунӣ ва аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар қаламрави ҳар ду ҷумхурӣ баргузор мегарданд.
Айни замон хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян шудааст ва қарор аст Созишномаи ниҳоӣ дар ояндаи наздик миёни ду кишвар ба имзо расад.