Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Дар бархе минтақаҳои Русия рафтуомад маҳдуд аст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки аз боздиди бархе аз ҳудудҳои Русия, ки ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар он маҳдуд аст, худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳушдор додааст, ки як қатор ҳудудҳо дар Русия мавҷуданд, ки боздиди шаҳрвандони хориҷӣ ба онҳо танҳо тибқи тартиби махсус иҷозат дода мешавад.
Ба иттилои Намояндагӣ ба чунин ҳудудҳо, аз ҷумла, воҳидҳои маъмурию ҳудудии пушида, баъзе минтақаҳои ҳарбӣ, объектҳои саноати мудофиа ва атомӣ, инчунин қисме аз минтақаҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.
“Пеш аз сафар ба чунин минтақаҳо шаҳрвандони хориҷӣ бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Русия иҷозати мақомоти ваколатдорро дастрас намоянд”, - таъкид кардааст Намояндагӣ.
Қайд карда шудааст, маҳдудиятҳо дар бархе ҳудудҳои вилояти Маскав, шаҳрҳои Норилск, Североморск, Снежинск, Озерск, баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Мурманск, Архангелск, Астрахан, Калининград, Оренбург, инчунин як қатор минтақаҳои Шимол, Сибир ва Шарқи Дур амал мекунанд.
Намаз в Московской соборной мечети по случаю праздника Курбан-байрам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хостааст, ки дар Русия этикаи либоспӯширо риоя намоянд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки ворид шудан ба чунин ҳудудҳо бе иҷозатномаи дахлдор метавонад вобаста ба ҳолатҳои мушаххас боиси татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Русия гардад.
Қайд карда шудааст, ки ворид шудан ба ин манотиқ аз ҷумла ҷавобгарии маъмурӣ дорад.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат метавонед ба ба ин ниҳод дар Русия муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0