Мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хостааст, ки дар Русия этикаи либоспӯширо риоя намоянд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкНамаз в Московской соборной мечети по случаю праздника Курбан-байрам.
Намаз в Московской соборной мечети по случаю праздника Курбан-байрам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Обуна шудан
Мақоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ва фарҳанги Русияро эҳтиром намуда сокинони маҳаллӣ муомилаи хуб намоянд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Намояндагии вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид шудан ба кишвари пазиранда талаботҳои қонунгузории онро риоя намоянд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки ҳангоми будубошу фаъолияти меҳнатӣ урфу одат, расму оин, меъёрҳои қонунгузорӣ ва фарҳанги Русияро эҳтиром намоянд ва бо сокинони маҳаллӣ муомилаи хуб кунанд.
Мақомот ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки ба сару либоси худ таваҷҷуҳ кунанд.
“Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми муроҷиат ба мақомотҳои давлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ этикаи либоспӯшӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби муоширатро риоя намоед”. – қайд кардааст Намояндагӣ.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки рафтори инсон дар хориҷи кишвар тасаввуроти хориҷиёнро дар бораи фарҳанги ӯ ва ватанаш ташаккул медиҳад.
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Пешниҳоди Қазоқистон дар бораи рақамисозии муҳоҷират дар ҳудуди ИИАО
“Рафтор дар хона — симои оила, берун аз он бошад — симои халқ аст”, - зикр кардааст Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷирапт ва шуғли аҳолӣ дар Русия.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар сурати аз ҷониби шахси бегона нишон додани беэҳтиромӣ, расидан ба иззати нафс, таҳқир намудан дар ҷойи ҷаъиятӣ муҳоҷир ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ё намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд.
ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0