Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Раҳмон барои видоъ бо Хоманаӣ ба Эрон меравад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВизит Эмомали Рахмона в Исламскую Республику Иран. Архивное фото
Визит Эмомали Рахмона в Исламскую Республику Иран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳузури худро дар маросими видоъ бо раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ, ки дар Эрон баргузор мешавад таъкид кард
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими расмии адои эҳтиром ва видоъ бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Имон Атторзода, сухангӯи маросими видоъ ва дафни раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, дар суханронии худ гуфт:, ки илова бар ҳузури зиёди мардум, чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва илмӣ аз саросари ҷаҳон низ барои эҳтиром ба ҷанозаи муқаддаси раҳбари шаҳид дар Теҳрон ҳузур хоҳанд дошт.
Вай афзуд, ки мақомоти баландпоя ва роҳбарони кишварҳои гуногун аз тақрибан 40 кишвар низ дар ин маросим ширкат хоҳанд кард ва бо ҳузури худ ба мақоми баланди раҳбари Эрон эҳтиром хоҳанд гузошт.
Эрон барои бузургтарин маросими дафни давлатӣ дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ омодагӣ мебинад.
Верховный лидер Ирана аятолла Али Хаменеи. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Исроил ва ИМА ба шаҳодат расид
Маросими видоъ дар панҷ шаҳри Эрон ва Ироқ дар тӯли шаш рӯз, аз рӯзи шанбе, 4 июл, баргузор мешаванд.
Маросими дафни ниҳоӣ 9 июл дар Машҳад баргузор мешавад. Маросими расмии дафни Хоманаӣ чор моҳ пас аз маргаш баргузор мешавад.
Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Эрон 28 феврали соли 2026 ҳангоми аввалин ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил ба хоки Эрон кушта шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи ӯ чанд мақоми баландпоя ва фармондеҳони низомии дигар низ кушта шудаанд. Хоманаӣ 36 сол ба ҳайси раҳбари олии сиёсӣ ва динии кишвар кор карда буд.
Лентаи хабарҳо
0