https://sputnik.tj/20251117/imzo-sanad-tojikiston-koreya-sokhtmon-metro-dushanbe-1073009104.html
Имзои ду санад миёни Тоҷикистону Корея дар бораи сохтмони метро дар Душанбе
Имзои ду санад миёни Тоҷикистону Корея дар бораи сохтмони метро дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт Тоҷикистон бо шикартҳои Корея ду лоиҳаиеро, ки ба сохтмони метро дар Душанбе вобастааст, ба имзо расониданд
2025-11-17T16:21+0500
2025-11-17T16:21+0500
2025-11-17T16:21+0500
дар тоҷикистон
метро
сохтмон
душанбе
вазорати нақлиёт
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064686201_0:281:1024:857_1920x0_80_0_0_4337b05052225e1be2a0f0eee22d6b9c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ахиран дар Душанбе миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Корея гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.Ба иттилои вазорат, дар онҳо намояндагони Вазорати нақлиёт, Бонки содиротю воридотии Корея ("Eximbank"), "PwC Korea" – ширкати кореяи шабакаи ҷаҳонии Pricewaterhouse Coopers, консорсиумҳои "University of Seoul Industry Academic Cooperation Foundation", "Sejongggineering Co., Ltd" ва "Sejongggineering co., Ltd. Ltd" иштирок доштанд.Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати нақлиёти ва ширкатҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикисто ба имзо расид.Аз ҷумла ҷонибҳо лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 (аз бинои Сирки давлатӣ то "дарвозаи шарқӣ"-и пойтахт) ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расониданд.Манбаъ, ёдовар шудааст, ки лоиҳаҳои зикршуда, ки тибқи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея татбиқ мегарданд, бояд аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ карда шаванд.Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи метрои Душанберо ошкор кард, аммо масъалаи бунёди метро дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи баррасӣ аст.Метрои Душанбе тахминан аз се хат иборат хоҳад буд, ки аз минтақаи Сирк тӯл мекашад.Ба гуфтаи вазири нақлиёт Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.Кадом истгоҳҳо метавонанд дар метрои Тоҷикистон сохта шаванд - ба тасвирбаёни мо нигаред.Тавре азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.Дар ҳамин ҳол, ӯ хабар дод, ки Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад.
https://sputnik.tj/20251015/dushanbe-shahrakho-metro-rohhoi-seqabata-1072108444.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064686201_0:185:1024:953_1920x0_80_0_0_555071363cd8286a8bae882606f44c3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, метро, сохтмон, корея, нақлиёт, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, душанбе, метро, сохтмон, корея, нақлиёт, вазорати нақлиёт
Имзои ду санад миёни Тоҷикистону Корея дар бораи сохтмони метро дар Душанбе
Вазорати нақлиёт Тоҷикистон бо шикартҳои Корея ду лоиҳаиеро, ки ба сохтмони метро дар Душанбе вобастааст, ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ахиран дар Душанбе миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Корея гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, дар онҳо намояндагони Вазорати нақлиёт, Бонки содиротю воридотии Корея ("Eximbank"), "PwC Korea" – ширкати кореяи шабакаи ҷаҳонии Pricewaterhouse Coopers, консорсиумҳои "University of Seoul Industry Academic Cooperation Foundation", "Sejongggineering Co., Ltd" ва "Sejongggineering co., Ltd. Ltd" иштирок доштанд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати нақлиёти ва ширкатҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикисто ба имзо расид.
Аз ҷумла ҷонибҳо лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 (аз бинои Сирки давлатӣ то "дарвозаи шарқӣ"-и пойтахт) ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расониданд.
Манбаъ, ёдовар шудааст, ки лоиҳаҳои зикршуда, ки тибқи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея татбиқ мегарданд, бояд аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон тарҳи метрои Душанберо ошкор кард, аммо масъалаи бунёди метро дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи баррасӣ аст.
Метрои Душанбе тахминан аз се хат иборат хоҳад буд, ки аз минтақаи Сирк тӯл мекашад.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.
Кадом истгоҳҳо метавонанд дар метрои Тоҷикистон сохта шаванд - ба тасвирбаёни мо нигаред.
Тавре азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
Дар ҳамин ҳол, ӯ хабар дод, ки Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад.