https://sputnik.tj/20260703/donishjuyoni-tojik-huquq-tatili-tobistona-rusiya-kor-1078761540.html
Донишҷӯёни тоҷик ҳуқуқ доранд дар давраи таътили тобистона дар Русия кор кунанд
Донишҷӯёни тоҷик ҳуқуқ доранд дар давраи таътили тобистона дар Русия кор кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қавонони нави Русия ба донишҷӯён тоҷик имкон мешавад, ки дар давраи таътили тобистона дар ҳудуди ин кишвар кор кунанд
2026-07-03T09:36+0500
2026-07-03T09:36+0500
2026-07-03T09:36+0500
дар тоҷикистон
донишҷӯ
кор
русия
муҳоҷират
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065502628_154:36:1620:861_1920x0_80_0_0_972c949e08056776b5a901a893d5cb04.jpg
ДУШАНБЕ, 3июл - Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Русия таҳсил мекунанд, метавоанад дар давраи таътили тобистона фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд.Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки қонунгузории Русия фаъолияти меҳнатиро барои донишҷӯён иҷозат медиҳад.“Тибқи талаботи қонунгузории Русия шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмие, ки аз аккредитасияи давлатӣ гузаштаанд ва дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, дар вақти таътил ё худ берун аз соати таълимӣ ё ин ки дар рӯзи истироҳатӣ ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ карданро доранд”, - таъкид кардааст Намояндагӣ.Ин ниҳод қайд кардааст, ки пас аз оғози фаъолияти меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки дар муҳлати на кам аз се шабонарӯз нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва ё шаҳрвандии донишҷӯи хориҷиро ба мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳа пешниҳод намояд.Ҳамзамон Намояндагии вазорати меҳнат қайд кардааст, ки донишҷӯёне, ки дар шуъбаи ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) таҳсил менамоянд, ин гуруҳи донишҷӯён бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд, ҳатто агар таҳсилоти ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) навъи классикӣ бошад.Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар ин давра ҳолати талаботи қонунгузориро ба инобат гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.
https://sputnik.tj/20260702/muhojirat-vakiloni-parlumoni-tojikistonu-rusiya-1078746698.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065502628_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_528473d56cecee0adbe6588ee2cde17e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, донишҷӯ, кор, русия, муҳоҷират, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
дар тоҷикистон, донишҷӯ, кор, русия, муҳоҷират, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
Донишҷӯёни тоҷик ҳуқуқ доранд дар давраи таътили тобистона дар Русия кор кунанд
Тибқи қавонони нави Русия ба донишҷӯён тоҷик имкон мешавад, ки дар давраи таътили тобистона дар ҳудуди ин кишвар кор кунанд
ДУШАНБЕ, 3июл - Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Русия таҳсил мекунанд, метавоанад дар давраи таътили тобистона фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки қонунгузории Русия фаъолияти меҳнатиро барои донишҷӯён иҷозат медиҳад.
“Тибқи талаботи қонунгузории Русия шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмие, ки аз аккредитасияи давлатӣ гузаштаанд ва дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, дар вақти таътил ё худ берун аз соати таълимӣ ё ин ки дар рӯзи истироҳатӣ ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ карданро доранд”, - таъкид кардааст Намояндагӣ.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки пас аз оғози фаъолияти меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки дар муҳлати на кам аз се шабонарӯз нусхаи шартномаи меҳнатӣ ва ё шаҳрвандии донишҷӯи хориҷиро ба мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳа пешниҳод намояд.
Ҳамзамон Намояндагии вазорати меҳнат қайд кардааст, ки донишҷӯёне, ки дар шуъбаи ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) таҳсил менамоянд, ин гуруҳи донишҷӯён бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ҳуқуқи фаъолият карданро надоранд, ҳатто агар таҳсилоти ҳузурӣ-ғоибона (очно заочно) навъи классикӣ бошад.
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар ин давра ҳолати талаботи қонунгузориро ба инобат гирифта, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.