Қарзи давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 140 миллиард доллар гузашт

© Foto / Unsplash / Pepi StojanovskiДолларовые купюры. Иллюстративное фото
Долларовые купюры. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2026
Обуна шудан
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон камтарин қарзи давлатӣ дорад, ки ки ҳамагӣ 3,5 миллиард долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Қарзи умумии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аз 140 миллиард долларро ташкил додааст, иттилоъ додааст Telegram-и канали Геостатистика.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, қисми зиёди қарзи давлатии минтақа ба Қазоқистон ва Узбекистон рост меояд. Ин ду кишвар дар маҷмӯъ тақрибан 123,5 миллиард доллар қарз доранд.
Қазоқистон бузургтарин қарзи давлатӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад, ки 76,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Узбекистон бо қарзи давлатии 47 миллиард доллар дар ин минтақа дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.
Қирғизистон бо қарзи давлатии тақрбан 9,8 миллиард доллар дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар Туркманистон ин рақам 4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа камтарин қарзи давлатӣ дорад, ки ҳамагӣ 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, сохтори қарзи давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст:
Қазоқистон - 76,5 млрд доллар;
Ўзбекистон – 47 млрд доллар;
Қирғизистон – 9,8 млрд доллар;
Туркманистон – 4 млрд доллар;
Тоҷикистон – 3,5 млрд доллар.
Дар маълумоти нашршуда қайд карда мешавад, ки саҳми дигар кишварҳои минтақа, ба истиснои Қазоқистон ва Узбекистон, ба таври назаррас камтар аст.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Коҳиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳи соли равон
Нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ барои арзёбии устувории молиявӣ, имкониятҳои банақшагирии буҷет, бори қарз ва ниёзҳои маблағгузории беруна ва дохилии кишварҳо истифода мешаванд.
Ҳангоми таҳлили чунин маълумот, на танҳо ҳаҷми умумии қарз, балки таносуби он ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сохтори қарзгирӣ, мӯҳлатҳои пардохт, таркиби асъории уҳдадориҳо ва манбаъҳои маблағгузориро низ дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, қарзи умумии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аз 140 миллиард доллар аст, ки қисми зиёди қарз дар минтақа ба Қазоқистон ва Узбекистон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0