Коҳиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳи соли равон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры США
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Обуна шудан
Вазорати молия хабар додааст, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳи соли равон 170 миллион доллар кам шудааст
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Тибқи иттилои ин вазорат, ба ҳолати 1 апрели соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 839 млн. доллар расид.
Дар сохтори қарзи берунаи кишвар беш аз 2,7 миллиард доллар қарзи мустақими давлатӣ ва тақрибан 130 миллион доллар қарзи кафолатдодашудаи ҳукуматро дар бар мегирад.
Пардохти қарзи асосии берунаи Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли 2026 тақрибан 5,1 миллиард сомонӣ (тақрибан 540 миллион доллар) муқаррар шудааст.
Дар айни замон, ҳукумат нақша дорад, ки дар соли 2026 қарзҳои навро ба маблағи беш аз 6,3 миллиард сомонӣ (тақрибан 670 миллион доллар) барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалб кунад.
Қарздиҳандаи асосии хориҷии кишвар Бонки содироту воридоти Чин боқӣ мемонад, ки ба гуфтаи Вазорати молия, қарзи он қариб 700 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Подсчет налогов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Дар Мастчоҳ ҶСК Саидхоҷа Урунхоҷаев аз андоз қарздор шуд
Кишвар инчунин аз Бонки Ҷаҳонӣ (тақрибан 380 миллион доллар), Бонки рушди Осиё (беш аз 250 миллион доллар), Бонки рушди исломӣ (беш аз 250 миллион доллар), Сандуқи байналмилалии асъор (195 миллион доллар) ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (165 миллион доллар) қарздор аст.
Лентаи хабарҳо
0