https://sputnik.tj/20260622/korporatsiyai-afk-sistema-rusiya-vorid-bozor-tojikiston-1078480845.html
Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия вориди бозори технологии Тоҷикистон мешавад
Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия вориди бозори технологии Тоҷикистон мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
2026-06-22T13:41+0500
2026-06-22T13:41+0500
2026-06-22T13:41+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
технология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078478201_0:91:1888:1153_1920x0_80_0_0_19924fa2667a21138ebf507522e7bae2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни "АФК Система"-и Русия бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Душанбе ба имзо расид.Санади мазкур баъд аз мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Раҳмонализода Фарҳодшоҳ бо Президенти Корпоратсияи "АФК Система" Ситдеков Тагир ба имзо расидааст.Тавре дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории конгломерати бузурги Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои кории ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.Оқои Раҳмонализода дар рафти вохӯрӣ омодагии Палатаро барои расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба лоиҳаҳои сармоягузории “АФК Система" дар қаламрави Тоҷикистон иброз намуд.Манбаъ қайд кардааст, ки президенти АФК "Система" Тагир Ситдеков ҳавасмандии ҷиддии корпоратсияро барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҳарду кишвар ва роҳандозии лоиҳаҳо дар самтҳои технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтор изҳор дошт.Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда ба анҷом расид.
https://sputnik.tj/20260621/tojikiston-rusiya-kharidi-mahsuloti-nafti-gaz-1078456348.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078478201_142:0:1679:1153_1920x0_80_0_0_79c1d4fa9a93a97376fb6cb2dcc96c74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, технология
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, технология
Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия вориди бозори технологии Тоҷикистон мешавад
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Корпоратсияи “АФК Система"-и Русия ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни "АФК Система"-и Русия бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Душанбе ба имзо расид.
Санади мазкур баъд аз мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Раҳмонализода Фарҳодшоҳ бо Президенти Корпоратсияи "АФК Система" Ситдеков Тагир ба имзо расидааст.
Тавре дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории конгломерати бузурги Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои кории ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Оқои Раҳмонализода дар рафти вохӯрӣ омодагии Палатаро барои расонидани дастгирии ҳамаҷониба ба лоиҳаҳои сармоягузории “АФК Система" дар қаламрави Тоҷикистон иброз намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки президенти АФК "Система" Тагир Ситдеков ҳавасмандии ҷиддии корпоратсияро барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунандаи ҳарду кишвар ва роҳандозии лоиҳаҳо дар самтҳои технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва рушди инфрасохтор изҳор дошт.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда ба анҷом расид.