https://sputnik.tj/20260701/tojikiston-hamohangsozi-taraqqii-mahsur-khushki-intikhob-1078723057.html
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон давоми як сол кори Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро ҳамоҳанг мекунад
2026-07-01T17:36+0500
2026-07-01T17:36+0500
2026-07-01T17:36+0500
дар тоҷикистон
дар ҷаҳон
баҳр
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/01/1078717599_50:0:1230:664_1920x0_80_0_0_59f3c9bd6142c2352dfe6d2706ef3f3b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид.Тоҷикистон кори Гурӯҳ ба муҳлати як сол ҳамоҳанг мекунад.Ин иқдом ба муаррифӣ ва баланд бардоштани обру ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ, рушди иқтидорҳои нақлиётию транзитӣ ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ мусоидат менамояд.Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии кишвар дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок намуд. , доир ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза сухан намуд.Вай зимни суханрониаш доир ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза суханронӣ кард.Қаблан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк, таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии ин кишварҳо мушкилоти онҳоро муайян мекунад.Вай зарурати татбиқи чораҳои муассирро барои таъмини рушди устувор, ҳалли мушкилоти транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва бунёди дигар инфрасохтори иҷтимоӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк изҳор дошт.Интизор меравад, ки интихоби Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз мавқеи байналмилалии кишварро тақвият диҳад, манфиатҳои миллиро пеш барад, иқтидори нақлиёт ва транзитро рушд диҳад ва ҳамкории байналмилалиро густариш диҳад.Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк аз 32 кишвар иборат аст.Яке аз самтҳои асосии фаъолияти он рушди пайвастагии нақлиётӣ ва мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ мебошад.Кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки ба баҳр роҳ надоранд Арманистон, Озарбойҷон, Афғонистон, давлати бисёрмиллатии Боливия, Ботсвана, Буркина-Фасо, Бурунди, Бутан, Замбия, Зимбабве, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос, Лесото, Малави, Мали, Муғулистон, Непал, Нигер, Парагвай, Молдова, Руанда, Македонияи Шимолӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Уганда, Узбекистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Эсватини, Эфиопия ва Судони Ҷанубӣ мебошанд.Ин гурӯҳ кишварҳоеро дар бар мегирад, ки ба баҳр дастрасии ҳудудӣ надоранд, аз бозорҳои ҷаҳонӣ канор мондаанд ва бо хароҷоти баланди тиҷоратӣ рӯбарӯ мешаванд, ки ба рушди онҳо монеаи назаррас аст.Онҳо маҷбуранд, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба кишварҳои транзитӣ такя кунанд. Ин боиси афзоиши хароҷоти нақлиёт, дароз шудани мӯҳлати интиқол ва вобастагӣ аз суботи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамсоягонашон мегардад.
https://sputnik.tj/20250805/rahmon-mahdudiyathoi-tranziti-kishvarhoi-mahsur-khushki-1069752576.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/50712
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/01/1078717599_196:0:1084:666_1920x0_80_0_0_a50b0c142fd74bd08284285c5c8384a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, баҳр, нақлиёт
дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, баҳр, нақлиёт
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Тоҷикистон давоми як сол кори Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро ҳамоҳанг мекунад
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид.
Тоҷикистон кори Гурӯҳ ба муҳлати як сол ҳамоҳанг мекунад.
Ин иқдом ба муаррифӣ ва баланд бардоштани обру ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ, рушди иқтидорҳои нақлиётию транзитӣ ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ мусоидат менамояд.
Сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии кишвар дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок намуд. , доир ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза сухан намуд.
Вай зимни суханрониаш доир ба аҳамияти сиёсати савдо, низомҳои транзитӣ, рушди инфрасохтор, пайвастагии минтақавӣ, инчунин татбиқи Барномаи амали Аваза суханронӣ кард.
Қаблан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк, таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии ин кишварҳо мушкилоти онҳоро муайян мекунад.
Вай зарурати татбиқи чораҳои муассирро барои таъмини рушди устувор, ҳалли мушкилоти транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва бунёди дигар инфрасохтори иҷтимоӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк изҳор дошт.
Интизор меравад, ки интихоби Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз мавқеи байналмилалии кишварро тақвият диҳад, манфиатҳои миллиро пеш барад, иқтидори нақлиёт ва транзитро рушд диҳад ва ҳамкории байналмилалиро густариш диҳад.
Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушк аз 32 кишвар иборат аст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти он рушди пайвастагии нақлиётӣ ва мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ мебошад.
Кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки ба баҳр роҳ надоранд Арманистон, Озарбойҷон, Афғонистон, давлати бисёрмиллатии Боливия, Ботсвана, Буркина-Фасо, Бурунди, Бутан, Замбия, Зимбабве, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос, Лесото, Малави, Мали, Муғулистон, Непал, Нигер, Парагвай, Молдова, Руанда, Македонияи Шимолӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Уганда, Узбекистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Эсватини, Эфиопия ва Судони Ҷанубӣ мебошанд.
Ин гурӯҳ кишварҳоеро дар бар мегирад, ки ба баҳр дастрасии ҳудудӣ надоранд, аз бозорҳои ҷаҳонӣ канор мондаанд ва бо хароҷоти баланди тиҷоратӣ рӯбарӯ мешаванд, ки ба рушди онҳо монеаи назаррас аст.
Онҳо маҷбуранд, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба кишварҳои транзитӣ такя кунанд. Ин боиси афзоиши хароҷоти нақлиёт, дароз шудани мӯҳлати интиқол ва вобастагӣ аз суботи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамсоягонашон мегардад.