https://sputnik.tj/20250805/rahmon-mahdudiyathoi-tranziti-kishvarhoi-mahsur-khushki-1069752576.html
Раҳмон хостори рафъи маҳдудиятҳои транзитӣ миёни кишварҳои маҳсур дар хушкӣ шуд
Раҳмон хостори рафъи маҳдудиятҳои транзитӣ миёни кишварҳои маҳсур дар хушкӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлимро омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд
2025-08-05T14:46+0500
2025-08-05T14:46+0500
2025-08-05T16:03+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
гармшавии иқлим
смм
туркманистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069757292_0:12:2048:1164_1920x0_80_0_0_42262fc5a0bde58f1e646b58b2938917.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, таъкид кард.Вай таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.Президенти кишвар афзуд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номид.Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.Вай таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.Ҳамчунин раҳбари кишвар қайд кард, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид кард.Кишвардори Тоҷикистон аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ барои афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ кард.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42535
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069757292_23:0:1843:1365_1920x0_80_0_0_1e8a87e1ca257d4f735faca781bb380f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, тоҷикистон, сиёсат, буҳрон, буҳрони иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, транзит
раҳмон, тоҷикистон, сиёсат, буҳрон, буҳрони иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, транзит
Раҳмон хостори рафъи маҳдудиятҳои транзитӣ миёни кишварҳои маҳсур дар хушкӣ шуд
14:46 05.08.2025 (Навсозишуда: 16:03 05.08.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлимро омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, таъкид кард.
Вай таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.
“Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар афзуд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.
Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номид.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.
Вай таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.
Ҳамчунин раҳбари кишвар қайд кард, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид кард.
Кишвардори Тоҷикистон аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ барои афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ кард.