https://sputnik.tj/20260701/rahmon-tojikiston-arabistoni-saudi-sharik-jahoni-arabu-islom-1078713318.html
Раҳмон: Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонад
Раҳмон: Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ тарҳҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуд
2026-07-01T14:04+0500
2026-07-01T14:04+0500
2026-07-01T14:04+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/01/1078712135_0:54:1834:1086_1920x0_80_0_0_c387c8f115a0bb7f64ed36ad94825df3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарро баррасӣ намуд.“Мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”, - таъкид кард Раҳмон.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар ин дидор ҷонибҳо ба тақвияти бештари ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.Гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ гардид.Таъкид гардид, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат хоҳад кард.Ҳамчунин дар мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, бахшҳои аграрӣ ва зерсохтори нақлиётӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.Роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20250521/tojikiston-arabistoni-saudi-obi-nushoki-sodirot-1067416452.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/01/1078712135_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_625fba56432fb4547903a35eaab9917f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , равобит
дар тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , равобит
Раҳмон: Тоҷикистон Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонад
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ тарҳҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарро баррасӣ намуд.
“Мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”, - таъкид кард Раҳмон.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар ин дидор ҷонибҳо ба тақвияти бештари ҳамкориҳои судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин дар мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, бахшҳои аграрӣ ва зерсохтори нақлиётӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.
Роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.