Тоҷикистон мехоҳад ба Арабистони Саудӣ оби нӯшокӣ содирот намояд

© Foto / Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществомВстреча премьер-министра Таджикистана Кохира Расулзоды с Президентом федерации торговых палат Саудовской Аравии Хасаном Аль-Хувайзи
Встреча премьер-министра Таджикистана Кохира Расулзоды с Президентом федерации торговых палат Саудовской Аравии Хасаном Аль-Хувайзи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мулоқоти мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ ва ҳайати ҳамроҳи он баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт.
Манбаъ хабар додааст, ки дар мулоқот масоили вобаста ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид намуданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот тарафҳо тақвияти ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ зарур донистанд.
Достижения народного хозяйства на выставке в Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ имконпазир шуд
Инчунин тарафҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавот, асал, нахи пахта ва содироти оби нӯшокӣ табодули афкор анҷом дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки доираҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду давлат баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеи ҳамкориҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз”, энергетика, рақамикунонӣ ва инноватсия, саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ иброз намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи байни доираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар сиғаи В2G ва B2B баргузор гардид.
Дар фарҷоми Форум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Федератсияҳои палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0