https://sputnik.tj/20260630/tojikiston-shumori-bekoron-afzoish-1078678664.html
Дар Тоҷикистон шумори бекорон ба маротиб афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон шумори бекорон ба маротиб афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар, шумораи ҷойҳои холии кор, ки аз ҷониби корхонаҳо пешниҳод мешаванд, кам шудаааст
2026-06-30T09:36+0500
2026-06-30T09:36+0500
2026-06-30T09:36+0500
дар тоҷикистон
бекорӣ
омор
меҳнат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032655045_0:149:3000:1837_1920x0_80_0_0_503cb3ce0abcd9c59823f5669e06c9fe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Шумораи бекорон, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон расман ба қайд гирифташудаанд дар охири моҳи апрели соли 2026-ум 54,4 ҳазор нафарро ташкил кардаааст.Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 10,3 фоиз зиёд шудааст.Аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда занон 47,7% (26 ҳазор нафар) тшкил медиҳанд.Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 1,9%-ро ташкил кардааст.“Шумораи қувваҳои корӣ дар моҳи апрели соли 2026-ум 2 миллиону 899 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2 миллиону 845 ҳазор нафар (98,1%) дар соҳҳои иқтисодиёт машғуланд ва 54,4 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 1,9 фоизи шумораи қуввањои кориро ташкил медињанд”, - таъкид кардааст агентии омор.Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар охири моҳи апрели соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 97 ҳазор нафар корталаб дар қайд буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ум 17,8% ва нисбат ба моҳи марти соли 2026–1,4% зиёд шудааст.Қайд карда шудааст, ки дар моҳи апрели соли 2026-ум 10,8 ҳазор нафар муроҷиаткардаҳо барои таъмини кор дар қайди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта шуда буданд 6,6 ҳазор нафар бекорон бо кор таъмин карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18% фоиз зиёд шудааст.Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонаҳо ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи апрели соли 2026 пешниҳод кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,6% кам шуда, 12,9 ҳазор ҷойро ташкил додаанд.
https://sputnik.tj/20231023/khatlon-mizon-bekor-kohish-1060089102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032655045_0:133:2313:1868_1920x0_80_0_0_285b455b46e78a62743686d642b75328.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бекорӣ, омор, меҳнат, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, бекорӣ, омор, меҳнат, иҷтимоъ
Дар Тоҷикистон шумори бекорон ба маротиб афзоиш ёфтааст
Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар, шумораи ҷойҳои холии кор, ки аз ҷониби корхонаҳо пешниҳод мешаванд, кам шудаааст
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Шумораи бекорон, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон расман ба қайд гирифташудаанд дар охири моҳи апрели соли 2026-ум 54,4 ҳазор нафарро ташкил кардаааст.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 10,3 фоиз зиёд шудааст.
Аз ҷумлаи бекорони бақайд гирифташуда занон 47,7% (26 ҳазор нафар) тшкил медиҳанд.
Сатҳи бекории расмӣ ба қайд гирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 1,9%-ро ташкил кардааст.
“Шумораи қувваҳои корӣ дар моҳи апрели соли 2026-ум 2 миллиону 899 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумлаи онҳо 2 миллиону 845 ҳазор нафар (98,1%) дар соҳҳои иқтисодиёт машғуланд ва 54,4 ҳазор нафар расмӣ мақоми бекорро гирифтаанд, ки 1,9 фоизи шумораи қуввањои кориро ташкил медињанд”, - таъкид кардааст агентии омор.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар охири моҳи апрели соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 97 ҳазор нафар корталаб дар қайд буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ум 17,8% ва нисбат ба моҳи марти соли 2026–1,4% зиёд шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳи апрели соли 2026-ум 10,8 ҳазор нафар муроҷиаткардаҳо барои таъмини кор дар қайди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта шуда буданд 6,6 ҳазор нафар бекорон бо кор таъмин карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18% фоиз зиёд шудааст.
Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонаҳо ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи апрели соли 2026 пешниҳод кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,6% кам шуда, 12,9 ҳазор ҷойро ташкил додаанд.