Дар Хатлон мизони бекорӣ коҳиш ёфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Дар нимсолаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон шумораи ҷойҳои нави корӣ афзудааст.
Дар ин бора оҷонсии "Ховар" бо такя ба маълумоти омори минтақавӣ хабар дод.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти расмии вилоят, дар 9 моҳи соли равон ҳудуди 43,8 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 ҳазор нафар бештар аст.
Ҳамчунин дар соли ҷорӣ дар вилоят ифтитоҳи 144 корхона ва коргоҳ дар назар аст.
Граждане Таджикистана на рынке труда в городе Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Дар Тоҷикистон муқобили бекорӣ фаъолона мубориза мебаранд
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахир, 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ фаъол буда, 610 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори нав гардиданд.
Корхонаҳо гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, шарбату нӯшокиҳо, макарон, нонпазӣ ва қаннодӣ, инчунин пластмасса ва маҳсулоти тозакунӣ истеҳсол мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда, ки дар Душанбе дар 9 моҳ ба маблағи қариб 3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,2 % ташкил медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар пойтахт ба 2,9 млрд сомонӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0