Дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳӣ бунёд шуд

© Хадамоти матбуотии президенти ҶТДеҳкадаи сайёҳӣ дар Ховалинг
Деҳкадаи сайёҳӣ дар Ховалинг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2026
Обуна шудан
Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд, мегӯяд хадамоти матбуотии президент
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳӣ ба баҳрабардорӣ расид.
Дар маросими ифтитоҳи макони сайёҳӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки сохтмони иншоот аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода сохта шудааст.
Ҳамакнун дар ин мавзеи сайёҳӣ - 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км дуртар ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.
Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд.
Биноҳо ва иншооти деҳакада бо услуби анъанавӣ сохта шуда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд.
Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2026
Раҳмон бо сафари корӣ ба Ховалинг рафта фурудгоҳи навро ба баҳрабардорӣ расонд
Мақомот мегӯяд, нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад.
"Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро намунаи хуби истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0