Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳамлаи паҳподҳои артиши Русия ба мавзеъҳои стратегии душман: видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия кори гурӯҳи махсуси артишро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар якчанд минтақаҳо нишон дод.
Операторҳои ҳаҳподҳои Артиши 6-уми гурӯҳи "Шимол" анбор ва маркази идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишини душманро дар вилояти Харков нобуд карданд.
Паҳподҳои гурӯҳи "Днепр" нуқтаи муваққатии ҷойгиркунии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар соҳили рости дарёи Днепр дар Херсон сӯзонданд.
Гурӯҳҳои пӯшиши ҳавоӣ аз гурӯҳи "Восток" бо ҳавопаймоҳои бесарнишини назоратӣ ва гексакоптерҳои вазнини навъи "Баба Яга" дар минтақаи Запороже ҳамлаи душманро боздоштанд.
Операторҳои паҳподҳо пз ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро дар самти Доброполие пешгирӣ карданд.
Белоусов самаранокии паҳподҳои Русияро арзёбӣ кард
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин рисолати худро "ҳифзи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии нерӯҳои мусаллаҳи Русия озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат диҳад.
Лентаи хабарҳо
0